14 апрел – рўзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи бемории сил

Апрел 15
13:53 2017

14 апрели соли равон   бахшида ба рўзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи бемории сил чорабинӣ  баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори Вазирати  тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида дар рафти  он  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз Абдусаттор,  ваколатдори муваққатии корҳои ИМА Лесли Ҳайден,    як қатор ходимони давлатӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ   наздик ба  500 узвиҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҷавонон ва дигар мутахасисони соҳа иштикор намуданд.  Гуфта мешавад мақсади аслии баргузории чорабинии мазкур   ҷалб намудани  таваҷҷўҳи ҳамагон ба пешгирии бемории сил ва тарғиби ҳаёти солим мебошад.
Ҳангоми ҷашни Рўзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи бемории сил ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолии ҷумҳурӣ дар бораи  бемории мазкур ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шарикони миллӣбори дигар ўҳдадориҳои худро ҷиҳати бомуваффақият амалӣ намудани «Стратегияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба маҳв кардани сил» тасдиқ намуданд. Дар стратегияи мазкур аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват карда мешавад, ки баҳриҷустуҷў, табобат ва шифо бахшидан ба ҳамаи гирифторони бемории сил ва суръат бахшидан ба мақсади шӯҳратпараст баҳри аз байн бурдани бемории сил то соли 2035 саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар рафти чорабинӣ 20 табиб ва ҳамшираи шафқати муассисаҳои тиббӣ аз саросари ҷумҳурӣ барои саҳми арзандаи худ дар мубориза алайҳи сил гузоштан сазовори эътироф гардиданд.  Чорабинии мазкур ҳамчунин ба сифати форум барои табодули эълонҳои тарғиботии иҷтимоӣ хизмат намудааст. Қобили зикр аст, ки эълонҳои мазкур дар чорчубаи Барномаи USAID оид ба назорати бемории сил омода гардиданд ва дар онҳо оид ба аҳамияти пешгирии сил, коҳиш додани стигма ва табъиз нисбати гирифторони ин беморӣ гуфта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар давоми моҳҳои март ва апрел Вазорати тандурустӣ ваҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва USAID, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи бемории сил, маъракаи миллӣ гузаронида ин иқдом идома дорад.
Ҳадаф аз татбиқи Барномаи USAID оид ба назорати бемории сил коҳиш додани гаронии ин беморӣ ва пешгирии вусъатёбии сили ба доруворӣ тобовар дар Тоҷикистон бо роҳи тақвияти стратегияи миллӣ; беҳтаргардонии дастрасӣ ба ташхис ва муолиҷа; дастгирии низоми марказонидашудаи нигоҳубини беморон; ва таҳкими зарфияти лабораторияҳо ва низоми тандурустӣ дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва водии Рашт мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 731
  • 1,242
  • 949,751