14 ноябр-Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд: Дар Тоҷикистон ба табобати ин беморӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад

14 ноябр-Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд: Дар Тоҷикистон ба табобати  ин беморӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад
Ноябр 14
11:48 2020

Ҳамасола 14 ноябр-Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд таҷлил карда мешавад. Санаи 14 ноябр ҳамчун рӯзи мубориза бо ин беморӣ барои он интихоб шудааст, ки хидматҳои табиб ва физиологи канадагӣ Фредерик Бантинг  қадрдонӣ карда шаванд,  зеро номбурда  14 ноябри соли 1891 ба дунё омадааст ва дар кашфи инсулин, доруе, ки беморони диабети қандро наҷот медиҳад, соли 1922 дар якҷоягӣ бо табиб Чарлз Бест нақши ҳалкунанда гузоштааст.

Бемории диабети қанд аз ду намуд– намуди як ва намуди ду иборат аст. Фарқияти навъи як  аз ду дар он аст, ки  ин навъи диабети қанд асосан дар байни ҷавонон ва кӯдакон пайдо шуда, тезу тунд ба назар мерасад. Диабети навъи ду бошад, дар байни калонсолон пайдо мешавад, ки ин аз синни 35 то 40 соларо дарбар мегирад.

Дар дунё аз 4 то 5 фоизи одамон мубталои бемории диабети қанд мебошанд, ки ин миқдор сол то сол зиёд шуда истодааст. Муайян гардидааст, ки бемории диабети қанд яке аз сабабҳои муриши беморон мебошад. Яъне, он баъди бемориҳои онкологӣ ва бемориҳои дилу рагҳо, дар ҷои сеюм қарор дорад.

Айни замон дар тамоми сайёра танҳо аз рӯи муроҷиат 422  млн. беморони  гирифтори диабети қанд ба қайд гирифта шуда, қариб 50 фоизи онҳо ба синну соли нисбатан фаъол ва қобили меҳнати 40-59-сола рост меоянд. Бо дарназардошти  суръати инкишофи паҳншавии ин беморӣ, коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пешгӯӣ менамоянд, ки асосан аз ҳисоби беморони диабети қанди навъи 2 шакл гирифта дар калонсолон инкишоф меёбад ва пеш аз ҳама бо вазни зиёди бадан алоқаманд аст.

Чунин  вазъияти  ташвишовари  тандурустиро ба назар гирифта, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2006 «Барномаи мубориза бар зидди диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» ва соли 2012  «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2017»-ро қабул намуд.

Маврид ба зикр аст, ки  давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  соҳаи  эндокринологияи мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла дастрасии аҳолӣ ба ташхиси бемориҳои эндокринологӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои муосир таъмин карда шуд, таъминоти пурраи ройгони дорувории ҳаётан муҳим, ба монанди инсулин амалӣ  гардид, кормандони соҳа ва алоқамандон бо барномаҳои омӯзишӣ пайваста фаро гирифта шуданд, беморони гирифтори диабети қанд ва бемориҳои норасоии йод бо муосиртарин усулҳои табобат ва истифодаи  доруҳои зиддидиабетӣ ва табобати бемориҳои норасоии йод фаро гирифта шуданд.

Дар ин замина, натиҷаи фаъолияти ҳамгироишудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буд, ки айни ҳол вазъи бемориҳои эндокринологӣ дар кишвар идорашаванда арзёбӣ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки асрҳои тӯлонӣ одамон воситаҳои мубориза бо ин бемориро  намедонистанд ва диабети қанд  беморро на фақат барои табобат, балки барои зинда мондан низ ноумед мекард.

Моҳи январи соли 1922 олими ҷавони канадагӣ  Фредерик Бантинг аввалин маротиба дар таърих бо гузаронидани инсулин бо сӯзандору ба ҷавони 14-сола ҳаёти ӯро наҷот дод, ки ба шакли вазнини наврасии диабети қанд дучор шуда буд.

Инсулин барои табдили қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия  хизмат мекунад. Дар шахсони гирифтори ин беморӣ бо далели он, ки инсулин камбудӣ дорад ва хуб  амал намекунад, қанд (глюкоза) то  сатҳи хатарнокӣ дар хун боло меравад.

Барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи қанди хун  беморони диабети қанд бояд ҳамарӯза инсулин қабул кунанд. Барои табобати ин беморӣ дар ҷумҳурӣ таъмини ройгон бо инсулин  ва воситаҳои инсулингузаронӣ ба роҳ монда шудааст. Беморон метавонанд инсулинро аз марказҳои эндокринологии  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо  дастрас намоянд.

Бояд зикр намуд, ки омилҳои пайдоиши ин беморӣ метавонанд  ирсӣ,  фарбеҳӣ,  фишорбаландӣ,  иллати  ғадуди зери меъда, бемориҳои эндокринологӣ ва  ғадудҳои болои гурда   бишаванд. Инчунин,   хушк шудани даҳон, пешобронии зиёд, нозук шудан ва афтидани дандонҳо ва дер шифо ёфтани захмҳо аломатҳои дигари ин беморӣ мебошанд.

Сабаби  пайдо шудани бемории қанд на танҳо  ирсият, балки ҳолати равонии инсон ва истеъмоли хӯрокҳои гуногун низ шуда метавонад.  Аз ҷумла пурхӯрӣ ва ё истеъмоли нодурусти хӯрок  ба пайдоиши  ин беморӣ сабаб шуда метавонад.

Қобили зикр аст, ки дар назди Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ”-и Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Мактаби диабет” барои кӯдакон ва калонсолон фаъолият менамояд. Ҳамзамон, чунин мактабҳо дар назди марказҳои саломатӣ  низ мавҷуданд, ки дар онҳо тарзи дурусти истеъмоли ғизо ва паст кардани омилҳои ба саломатӣ хатарнок омӯзонида мешаванд.

Бахшида ба  Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ”-и Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон машварат, муоина ва  чорабиниҳои ташхисӣ,  ба монанди  ултрасадо, сабти барқи дил ва санҷиши қанди хун  ба таври  ройгон  анҷом дода мешавад.

Ҳамзамон, дар ин рӯз мутахассисони марказ дар барномаҳои радио ва телевизион иштирок намуда, доир ба роҳҳои пешгирии бемории мазкур баромад менамоянд.

Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии

клиникии эндокринологӣ”

Тоҳирҷон Саъдуллозода

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 618
  • 1,242
  • 949,638