Дар системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як осоишгоҳ – Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб», се истироҳатгоҳҳо-«Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун», «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат» ва «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Биби Фотимаи Заҳро»-и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалаъа (Занинс)» ба таври мавсимӣ фаъолият менамоянд.
Давоми соли 2020 аз ҷониби муассисаҳои истироҳатии соҳа 1072 нафар бо роҳҳат, 197 нафар роҳбалад ва 262 нафар ба таври шартномавӣ ва дар маҷмӯъ 1531 нафар ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд.
Ба истироҳаткунандагони осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентӣ ҳамагӣ 271 нафар кормандон, ки аз инҳо 95 нафар ба таври доимӣ ва 176 нафарашон ба таври мавсимӣ фаъолият доранд, хизмат мерасонанд. Ҳамаи кормандони муассисаҳои болозикр тибқи тартиби муқарраргардида бо либоси ягонаи корӣ таъмин карда шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки давоми ду соли охир кормандони тиб ва кормандони хурди тиббӣ, кормандони ошхонаи муассисаҳо аз барномаи курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони иҷтимоӣ дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” бархурдор гардиданд. Омода намудани ҳайати кории кормандон ба мавсими истироҳатӣ ва гузаронидани кормандон аз муоинаи тиббӣ моҳи апрели соли 2020 ба итмом расонида шуд.
Давоми соли сипаришуда дар тамоми муассисаҳо фаъолияти фитобарҳо ба роҳ монда шуда, айни ҳол 52 номгуи гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои хушконидашуда дар асоси тавсияи табибон ба истироҳаткунандагон аз гиёҳҳои шифобахш тариқи нӯшоба ва дамоба пешниҳод карда мешавад.