17 АПРЕЛ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ГЕМОФИЛИЯ. Бахшида ба ин сана дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Табобат барои ҳама ҳадафи ягона аст” конфронси илмию оммавӣ баргузор гардид

17 АПРЕЛ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ГЕМОФИЛИЯ. Бахшида ба ин сана дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Табобат барои ҳама ҳадафи ягона аст” конфронси илмию оммавӣ баргузор гардид
Апрел 16
14:30 2022

Бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии гемофилия ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола 17 апрел Рӯзи ҷаҳонии гемофилия  таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили  ин рӯз ҷалби  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба мушкилоти бемории гемофилия, дастгирии онҳо  ва васеъ намудани имкониятҳо ҷиҳати беҳтар намудани кумакҳои тиббӣ ба гирифторони ин навъи беморӣ мебошад.

Бахшида ба ин сана имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон  “Шифобахш” таҳти шиори “Табобат барои ҳама ҳадафи ягона аст” конференсияи илмию оммавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарияти Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, Ташкилоти ҷамъияти гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 5 сол аст, ки дар Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дошта,  он 24 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсиси ташкилоти мазкур ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Дар конфронс гуфта шуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда  беморон ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мегарданд.

Ҳамзамон, бахшида ба ин сана бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки ҳунармандони кишвар барномаи консертӣ баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ, ки барои фароғати гирифторони бемории гемофилия ташкил карда шуда буд, як қатор ҳунармандони номдори кишвар бо суруду таронаҳои диловези хеш табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Федератсияи ҷаҳонии гемофилҳо  бори аввал гемофилҳои Тоҷикистон соҳиби шиносномаҳои махсус гардиданд, ки гемофилҳои  дунё аз ин гуна шиноснома истифода мебаранд. Бартарияти шиноснома дар он аст, ки дар он оид ба  беморӣ ва дар ҳолатҳои нохуш бояд кадом доруро истифода кардан  маълумот дода шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 971
  • 1,242
  • 949,991