Ёрии башардӯстонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Ёрии башардӯстонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон
Апрел 09
14:48 2020

Дар шаҳри Душанбе маросими қабули ёрии башардӯстонаи аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбкистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор градид. Ин ёриҳои башардӯстона, ки ахиран дар 18 вагон вориди пойтахти кишвар шуд, аз 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ, респираторҳо ва айнакҳои тиббӣ иборат мебошад. Ин бори ёрии башардӯстонаро то шаҳри Душанбе як ҳайат аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон оварда расонд.

Дар маросими қабул вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эргаш Шоисматов, Ҷонишини Директори Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Зиёдуллоев ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Ҷониби Тоҷикистон ба Ҳукумати Ӯзбекистон барои расонидани ин кӯмаки бедареғ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва ба ҳамкории дуҷонибаи ду кишвари бародар баҳои баланд дод.

Зимни суханронии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эргаш Шоисматов зикр намуд, ки ин ёрии башардӯстона ба Тоҷикистон танҳо як мисоли муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ миёни ду кишвар ва халқ мебошад, ки бар пояи дӯстӣ ва ҳамрайъии анъанавӣ устувор шудааст.

Ҷаноби Сафир ҳамчунин таъкид кард, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оянда низ барои таҳким ва рушди робитаҳои дӯстӣ миёни ду кишвар талош хоҳад кард.

Манбаъ: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 909
  • 1,242
  • 949,929