Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони соҳа чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар сараввал табрикоти и.в. Раиси шаҳри Кӯлобро бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб расониданд.
Бояд тазаккур дод, ки маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Кӯлоб ба пешрафти бесобиқа даст ёфта, муассисаҳои тандурустӣ беш аз пеш рушд намуда истодааст.
Дар рафти чорабинӣ собиқадорони соҳаи тандурустӣ ба сухан баромада, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи беандозаашон ба рушди соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар охири ҳамоиш кормандони хизматнишондодаи соҳаи тандурустӣ ба Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.