230 ҳолати сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон

230  ҳолати сироятёбӣ ба коронавируси нави  COVID-19 дар Тоҷикистон
Май 04
14:45 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  то 4 майи соли 2020 дар муассисаҳои табобатии кишвар ҳамагӣ 3208 нафар зери назорати табибон қарор доранд.

Дар як шабонарӯзи охир 246  нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Ҳамзамон, вазорат иттилоъ медиҳад, ки то то соати 16:30 дақиқаи санаи мазкур дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19, аз ҷумла 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд ошкор гардидааст.

Ҳамзамон, то имрӯз, 4 майи соли равон 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат мушоҳида гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир  ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 740
  • 1,242
  • 949,760