Март 20
14:40
2021
Имрӯз, 20 марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода қабули шаҳрвандон сурат гирифт.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро шунида, бобати расидагӣ намудан масъалаҳои онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд гуфт, ки ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти вазорат қабули шаҳрвандон доир мегардад.