2869 нафар кормандони тиб аз курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаштанд

2869 нафар кормандони тиб аз курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаштанд
Июн 24
12:51 2020

Бо мақсади иҷрои банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои маҳдуд ва ҳамшираҳои тиббӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории коронавирусӣ “COVID-19”, ки 20 майи соли 2020 зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустии пойтахт баён доштанд, дар Муассисаҳои давлати таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникию таълимии кори ҳамширагӣ” 2869 нафар мутахассисони соҳаи тиб аз муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ, аз ҷумла 735 нафар табибон ва 2134 нафар кормандони миёнаи тиббӣ  курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишро оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории коронавирусӣ (COVID-19) гузаштанд.

Аз ҷониби Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» шурӯъ аз санаи 27 май то 12 июни соли 2020 барои 34 нафар табибон аз Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, 19 нафар табибон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 88 нафар табибон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ курси кӯтоҳмуддат гузаронида шуда, ба ҳамаи онҳо сертификат супорида шуд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бошад, аз тарафи омӯзгорони кафедраи бемориҳои сироятӣ ва маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббии коллеҷи мазкур барои 73 нафар табибон ва 38 нафар ҳамшираҳои (бародарони) тиббӣ-омӯзгорони коллеҷ курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ низ гузаронида ва ба онҳо сертификат тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, аз тарафи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилояти Суғд 205 нафар табибон ва 359 ҳамшираҳои тиббӣ ва дар вилояти Хатлон 316 нафар табибон ва 80 нафар ҳамшираҳои тиббӣ ба курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фаро гирифта шуда, соҳиби сертификат гардиданд.

Дар ин давра аз ҷониби омӯзгорони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникию таълимии кори ҳамширагӣ” ба 425 нафар ҳамшираҳои тиббӣ аз вилояти Суғд, 586 нафар ҳамшираҳои тиббӣ аз вилояти Хатлон, 283 нафар ҳамшираҳои тиббӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 267 нафар ҳамшираҳои тиббӣ аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 96 нафар ҳамшираҳои тиббӣ аз шаҳри Душанбе ба курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаронида шуда, ба онҳо сертифакат дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 745
  • 1,242
  • 949,765