29 октябр-Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории инсулт

29 октябр-Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории инсулт
Октябр 29
10:40 2020

Ҳамасола 29 октябр дар  саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории инсулт  ё худ сактаи мағзи сар таҷлил мегардад. Ин рӯзро  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2006 бо мақсади мубориза бо ин беморӣ  таъсис  додааст.

Бемории  сактаи мағзи сар- ин вайроншавии гардиши  хун дар мағзи сар буда, бо аломатҳои норасоии неврологии қитъавӣ пайдо мегардад.  Ин  бемории  вазнин то имрӯз яке аз сабабҳои   маъюб ва ҳалок гаштани инсонҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Сактаи мағзи сар ё худ  инсулт дар ҳолате ташхис мешавад, ки  аломатҳои ин беморӣ  дар бемор тӯли  24 соат давом карда бошанд. Сактаи мағзи сар ду намуд мешавад. Намуди аввал -ин сактаи ишемикӣ ё ин ки камхунӣ  ва дуюм- сактаи хунрезӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ба бемории  сактаи мағзи сар вайроншавии гардиши хун дар ягон қисмати мағзи сар сабаб мешавад.  Яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани сактаи мағзи сар  фишорбаландии шараёнӣ арзёбӣ  мегардад. Зеро, дар шахсоне, ки фишорашон баланд аст,  эҳтимолияти сактаи мағзи сар то панҷ маротиба меафзояд.

Омили дигари пайдоиши бемории мазкур истифодаи тамоку мебошад, ки хавфи сактаи мағзи сарро аз 2 то 4 маротиба зиёд менамояд. Сабабҳои дигари ин беморӣ диабети қанд ва   номураттаб шудани кори дил низ ба шумор мераванд. Инчунин,  тағйир ёфтани ғафсии хун  яке аз сабабҳои асосии пайдо шудани сактаи мағзи сар  ба шумор меравад.

Нишонаҳои бемории инсулт  гуногун мебошанд.  Чанд нишонаи асосии ин бемориро бе  кӯмаки духтур ҳам муайян кардан  мумкин аст. Масалан,  омилҳои пайдоиши ин беморӣ вайроншавии  нутқ,   ҳаракат  ё қувваи мушакҳо дар бемор ба шумор мераванд. Нишонаи дигари бемории мазкур гум кардани ҳиссиёт  ва заиф гаштани биноист.   Ин аломатҳо  албатта, дар гирифторони сактаи хурдҳаҷм зоҳир мешаванд.

 Барои  пешгирии бемории сактаи мағзи сар  мо бояд омилҳои хатари онро  бартараф намоем.  Омили хатарноки ин беморӣ фишорбаландии шараёнӣ  аст. Беморони дорои фишорбаландии шараёнӣ бояд таҳти назорати қатъии духтурон бошанд.  Дар баъзе ҳолат ҳангоми харобшавӣ, кори ҷисмонӣ, кам намудани истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва намаки ошӣ метавон   фишори шараёнро  дар ҳудуди меъёр нигоҳ дошт.  Хатари дигар сигоркашӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки пас аз як соли даст кашидан аз сигоркашӣ хатари пайдошавии инсулт то ду баробар кам мегардад.

Чунин  беморон  бояд  пас аз  пайдошавии нишонаҳои беморӣ ба муассисаи табобатӣ  муроҷиат намоянд. Бемороне, ки сактаи мағзи сарро гузаронидаанд, бояд мунтазам таҳти назорати  духтури асабшинос  бошанд. Табобат ва ё тавсияҳое,  ки табиб медиҳад, бояд  аз ҷониби бемор риоя шавад.  Аз корҳое, ки ба таври доимӣ асабро хароб мекунанд, даст бояд кашид. Ҳангоми истироҳат ё дар сафар қарор доштан,  бемор набояд доруҳои лозимиашро фаромӯш намояд.

 Илҳоми Ҳомид

 Журналист

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 635
  • 1,242
  • 949,655