293 ҳолати сирояти коронавируси нави CОVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд

293  ҳолати сирояти коронавируси нави CОVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд
Май 05
15:39 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории сироятии COVID – 19 дар шаҳри Вухани Ҷумҳурии Мардумии Хитой ва паҳншавии он дар саросари ҷаҳон чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намуд. Ҳанӯз 23 январи соли 2020 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии интиқоли бемории коронавирус ба ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, он ба тамоми муасисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал бо тасмимоти таъҷиливу муассир оид ба чораҳои пешгирии сирояти коронавирус ба аҳолии кишвар назорати шабонарӯзии ташхису табобатро аз сирояти эҳтимолии ин беморӣ роҳандозӣ намуд. Натиҷаи чунин чораандешиҳои саривақтӣ ва пурзӯр намудани ташхису назорат буд, ки тӯли беш аз се моҳ, аз оғози ба қайд гирифтани аввалин ҳодисаҳои пайдоиши коронавирус дар Ҷумҳурии халқии Хитой дар мамлакат ягон ҳодисаи мубталоӣ ба пандемияи COVID-19 ба қайд гирифта нашуда буд.

Аммо, мутаассифона, 29-уми апрели соли 2020 дар кишвар 15 ҳодисаи бемории сироятии коронавируси навъи CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 ҳодиса ба қайд гирифта шуд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз, 5 майи соли равон дар  кишвар 293 ҳолати  сирояти коронавируси нави CОVID-19  қайд гирифта шуда, бар асари он 5 нафар фавтидаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир  ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714