31 ҳазору 750 адад маводҳои иттилоотӣ ба аҳолӣ тақсим карда шуд

31 ҳазору 750  адад маводҳои иттилоотӣ ба аҳолӣ тақсим карда шуд
Август 03
09:16 2020

Раёсати тандурустии вилояти Хатлон давоми 6 моҳи аввалисоли 2020 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ фаъолиятро идома дода, дар самти рушди хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат, таҳлил ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаҳои рушди хизматрасонии тиббӣ, татбиқи самараноки стратегия ва барномаҳои соҳавӣ, омӯзиш ва андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои хизматрасонии маъюбон ва солимгардонии онҳо, самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ, мукаммалгардонии сохторҳои системаи тандурустӣ, такмили сиёсати кадрӣ, ҷобаҷогузории кормандони соҳаи тандурустӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Давоми 6 моҳи соли равон дар самти пешгирии як қатор бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ, аз ҷумла ҷиҳати пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19, муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту асбобҳои ҳозиразамон, пурзӯр намудани неруи кадрӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию иттилоотнокии аҳолӣ ва кормандони тиббӣ  заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон, Раёсати тандурустии вилоят дар ин давра дар тамоми чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ вобаста ба ободонию кабудизоркунӣ фаъолона иштирок намуд.

Дар филиали Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 6 моҳи аввали соли 2020 170 нафар  шунаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таҳсил фаро гирифта  шуда, аз инҳо 34 нафар табибон курси такмили ихтисосро гузаштаанд. Инчунин,  дар ин давра 136  нафар кормандони миёнаи тиб ба курси такмили ихтисос  фаро гирифта шуданд.

Давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла ба сохтори КАТС-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ 5 адад таҷҳизоти замонавии стоматологӣ, 1 адад таҷҳизоти таъмизгардонӣ (автоклав), 1 адад таҷҳизоти ташхиси ИФА, ба сохтори КАТС-и шаҳри Бохтар ду адад таҷҳизоти УЗИ барои ташхиси узвҳои дохила ва як адад таҷҳизоти УЗИ барои ташхиси бемориҳои чашм, ба Маркази бемориҳои дили вилоятӣ дар шаҳри Бохтар буда як адад Монитори назди кати бемор, як адад Холпер-монитор, як адад Инфузомат, як адад кати функсионалӣ, як адад Холпери шабонарӯзии фишори хун, як адад Холпери шабонарӯзии сабти барқи дил, як адад Анализатори атероклероз, як адад таҷҳизоти сабти барқи дил, ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун як адад рентгени рақамӣ, ба Маркази вилоятии бемориҳои чашми дар шаҳри Бохтар буда дастгоҳи лазери “Лахта –Милон” –и ширкати “Милон-Лазер”  дастрас карда шуданд.

Айни замон дар вилоят таъмиру азнавсозии муассисаҳои тиббӣ бомаром идома ёфта, давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ  дар вилоят 10 адад муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (бунгоҳҳои саломатӣ) ба маблағи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ оид ба назорати антенаталӣ, саривақт дарёфт намудани занони ҳомиладори аворизнок ва пешгирии фавти модару кӯдак дар байни занони ҳомиладор марҳилаи аввали чорабинии марказонидашудаи иттилоотию ташхисии «Корвони саломатӣ таҳти шиори «Солимии модар ва кӯдак дар деҳот» моҳи марти соли 2020 дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуда,  16761 нафар занони ҳомиладор аз муоинаи тиббӣ гузаштанд, ки 4439 нафарашон барои ташхиси пурраи тиббӣ ба беморхонаҳои марказӣ фиристода шуданд.

Баҳри  беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ба  кӯдакон, паст  намудани нишондоди беморшавӣ, бемориҳои сироятӣ ва фавти кӯдакон дар  вилоят бо дастгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи   ҳокимияти давлатии вилоят  дар  беҳтар  намудани  заминаҳои  моддию техникии  иншоотҳои  соҳа, ҷори  намудани  ислоҳоти соҳаи тандурустӣ корҳои назаррас ба  сомон  расонида  шуд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки пастравии нишондоди сатҳи фавти кӯдакон дар вилоят дар солҳои охир натиҷаи татбиқи барномаҳои  миллию  соҳавӣ  оид ба пешгирии беморшавӣ ва фавти кӯдакон ба монанди пешгирии бемориҳои дарунравӣ, пешгирии бемориҳои  шадиди  роҳҳои  нафас, кӯмак ва дастгирии синамаконии атфол ва иммунизатсия мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани раванди ҳаракати донорӣ аз 18 март то 23 апрели соли 2020 чорабиниҳои алоқаманд ба Рӯзи умумиҷаҳонии донории хун ташкил  карда шуд. Дар  маъракаҳои хунгирӣ 1783  нафар донорон фаъолона  иштирок карданд.

Давоми  шаш моҳи  соли 2020  дар филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии  илмии хун” дар шаҳрҳои  Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон 7440  хунсупорӣ ва плазмасупорӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии хунсупорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта    17,5% зиёд гардид.

Бояд гуфт, ки ҳамаи донорон  дар зери назорати доимии тиббӣ қарор дошта,  ба онҳо мувофиқи нишондодҳо ташхисҳои иловагӣ низ гузаронида мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии  илмии хун” дар ш. Бохтари вилояти Хатлон  бригадаи сайёри ёрии трансфузионӣ бо таҳлилгоҳи гемостаз фаъолият мекунад. Имрӯзҳо бисёре аз беморхонаҳои вилоят дар мавридҳои зарурӣ аз хизмати ин бригада истифода мебаранд. Дар давраи ҳисоботи бригадаи сайёри ёрии трансфузионӣ 36 маротиба ба беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят даъват шуда, ба беморон хизмати амалии худро расонидааст.

Дар  давраи  ҳисоботӣ бинобар  вазъияти  бамиёномадаи пандемияи  ҷаҳонӣ ва бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 аз ҷониби кормандони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои дезинфексионии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҳудуди кӯчаю хиёбонҳо, бозору нуқтаҳои савдо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо, масҷидҳо ва маҳалҳо корҳои безараргардонӣ бо маводҳои хлордор (хокаи хлор, гипохлорид калтсий, гипохлорид натрий)  мунтазам гузаронида шуда, чорабиниҳо дар ин самт ҳамарӯза идома доранд.

Вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, истифода аз маводҳои фардии худмуҳофизатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ пурзӯр гардида, бо 87 ҳазору 340 нафар аҳолӣ суҳбатҳо доир гардида, дар рафти чорабиниҳо  31 ҳазору 750  адад маводҳои иттилоотӣ ба аҳолӣ тақсим карда шуданд.

Давоми   6 моҳи  соли  равон  аз тарафи мутахассисони  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар иншоотҳои зериназоратӣ оиди риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ 2890 санҷишҳо гузаронида шуда, барои риоя нагардидани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ба 1348 нафар қонунвайронкунандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон, фаъолияти 159 адад иншоот  бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан  боздошт  карда  шуд.

Раёсати тандурустии вилояти Хатлон

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 672
  • 1,242
  • 949,692