Даври дуюми сайёри бозомӯзии шашмоҳа аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ ба охир расид

Даври дуюми сайёри  бозомӯзии шашмоҳа аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ ба охир расид
Ноябр 16
13:32 2022

Бо дастгирии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” – и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ – №D547 – TJ) дар ноҳияи таҷрибавии Дарвоз бо мақсади пурзур намудани потенсиали  шабакаи муассисҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС) ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ 4 ноябри соли 2022 даври дуюми сайёри  бозомӯзии шашмоҳа аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ барои 13 нафар кормандони миёнаи тиббии КАТС дар заминаи муассисаҳои давлатии “Маркази саломатии ноҳиявӣ” ва “Беморхонаи марказии ноҳия”-и ДарвозиВМКБ бомуваффақият ба анҷом расид.

Барои амалӣ гардонидани ду даври бозомӯзии сайёри шашмоҳабарои кормандони миёнаи тиббӣ аз марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ байни Лоиҳаи “ Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-и назди ВТҲИА ҶТ, Муассисаи давлатии “ Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” ва Муассисаи давлатии “ Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ” – и ВМКБ моҳи апрели соли 2021 Созишнома  ба имзо расонида шуда буд.

Дар ташкил ва босифат гузаронидани даврҳои бозомӯзии сайёр 5 нафар омӯзгорони пуртаҷриба ва баландихтисос аз Муассисаи давлатии “Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ” – и ВМКБ ва супервайзер – омӯзгор аз Муассисаи давлатии “ Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” барои назорат ва кумаки методӣ тариқи шартномаи меҳнатӣ бо Лоиҳаи “ Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ҷалб карда шуданд.

Аз 31 майи соли 2021 то 30 ноябри соли 2021 бо фармоиши ВТҲИА ҶТ№458, 27 майи соли 2021даври якуми бозомӯзии сайёри шашмоҳа барои 11 нафар корманди миёнаи тиббӣ ва аз 4 майи соли  2022 то 4 ноябри соли 2022 бо фармоиши ВТҲИА ҶТ№321, аз 4 майи соли 2022 даври дуюми бозомӯзии сайёри шашмоҳа барои 13 нафар корманди миёнаи тиббии ноҳияи Дарвози ВМКБдар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази саломатии ноҳияи Дарвоз” ва Муассисаи давлатии “Беморхонаи маркази ноҳияи Дарвоз” бо мувафаққият гузаронида шуданд.Ҳамаи 24 нафар кормандони миёнаи тиб омӯзишро бо баҳои хубу аъло  ба анҷом расонида аз тарафи Муассисаи давлатии “ Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” соҳиби Шаҳолатномаи “Ҳамшираи тибби оилавӣ” гардиданд.

Ҳамаи бозомӯзон барои босамар ва босифат гузаронидани раванди омӯзиш ҳармоҳа бо идрорпулӣ, маводҳои конселярӣ барои даври омӯзиш, маводҳои муҳофизати фардӣ барои пешгирӣ аз КОВИД -19 ва борхалтаҳои тиббӣ барои ҳамшираи тибби оилавӣ таъмин карда мешуданд.

Қайд намудан зарур аст, ки Барномаи таълимии курси ихтисосгирии аввалия аз рӯи ихтисоси «Ҳамшираи тибби оилавӣ» барои шаш моҳ пешбинӣ гардида соли 2020 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда буд.  Дар умум Барномаи таълимӣ аз 924 соати таълимӣ иборат буда, онро дарсҳои лексионӣ, семинарҳо ва корҳои амалӣ  ташкил менамоянд.

Мақсади асосии Барномаи таълимӣ дар омода намудани мутахассисони навмувофиқи талаботҳо барои фаъолият дар сохтори муассисаҳои шабакаиКАТС, ки дорои дониш ва назари васеъ оид ба масъалаҳои инкишофёбии одам бо назардошти омилҳои иҷтимоӣ, психологӣ, биологии саломатӣ ва беморӣ мебошанд.

Дар раванди таълим барои бозомӯзон усулҳои ҳозиразамони баҳодиҳии сатҳи дониши назариявӣ  – тариқи тестгузаронӣ,  амалӣ – тариқи супоридани малакаҳои амалӣ ва ташаккули тафаккури клиникии ҳамшираи тиббӣ ва таҳлили он- тариқи усули санҷиши объективию сохтории клиникӣ (OSCE) истифода карда шуданд.

Дар доираи маблағгузории дуюми Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 5 ноҳияи  таҷрибавӣ, 281 нафар, аз ҷумла 33 нафар аз курси табиби оилавӣ ва 248 нафар аз курси  ҳамшираи тибби оилавӣ бо муваффақият гузаштанд.

 

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 640
  • 1,242
  • 949,660