Май 23
15:15
2020
Имрӯз, 23 майи соли равон аз Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” 20 нафар ва аз Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” 30 нафар шаҳрвандони мамлакат, ки дар зери назорати табибон қарор доштанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Дар навбати худ рухсатшудагон барои хизматрасонии босифати тиббӣ ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва табибону кормандони муассисаҳои мазкур изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Бояд гуфт, ки пас аз шифо ёфтан рухсат шудани шаҳрвандон аз муассисаҳои тандурустии мамлакат ба хонаҳояшон идома дорад.