501 ҳазору 200 воя ваксинаи “АстраЗенека”. Кӯмаки башардӯстонаи Япония ба Тоҷикистон

501 ҳазору 200 воя ваксинаи “АстраЗенека”.  Кӯмаки башардӯстонаи Япония ба Тоҷикистон
Феврал 21
13:36 2022

Шаби 21 феврали соли равон аз ҷониби Ҳукумати Япония ба Тоҷикистон дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС 501 ҳазору 200 воя ваксинаи “АстраЗенека” ба маблағи  беш аз ду миллион доллари амрикоӣ ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид гардид.

Маросими расмии қабули вояҳои ваксинаи мазкур имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики, муовини намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Зайнаб-ал- Аззавӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷониби кишвари Япония дар самти дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла дастрас намудани вояҳои ваксинаи зидди коронавирус изҳори миннатдорӣ баён намуда, ин иқдомро идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.

Дар идома меҳмонон аз анбори махсуси вазорат, ки ваксинаҳои зидди сирояти нави COVID-19 дар он нигаҳдорӣ мешаванд, дидан намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 916
  • 1,242
  • 949,936