58 адад таҷҳизоти тиббии муосир аз Кувайт ворид шуд (АКС)

58 адад таҷҳизоти тиббии муосир аз Кувайт ворид шуд  (АКС)
Сентябр 04
17:50 2019

Рӯзи 4-уми сентябри соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат ва меҳмонон аз Давлати Кувайт маросими супоридани кӯмакҳои техникию тиббии ин кишвар, аз ҷумла дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ ба ихтиёри табибони ин марказ баргузор шуд. Дар чорабинӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси муассисаи хайриявии исломӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Мақтуъ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода ва дигар меҳмонон аз давлати Кувайт, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахӯст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода меҳмононро хайрамақдам намуда, миннатдории вазоратро барои ҳамкории мутақобилан судманд бо Давлати Қувайт изҳор дошт. Ба таъкиди вазир, саҳифаи тозаи муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати Кувайт, ки 23 июни соли 2013 ба вуқӯъ пайваст, боз намуд ва дар рафти ин сафар ба Давлати Кувайт  “Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ” ба имзо расонида шуд, ки дар доираи он ҳамкориҳои пурсамари дуҷониба сол то сол рушду тақвият меёбад.

– Ман имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайтро бовар мекунонам,  ки вазорат ба қадри таҷҳизоти воридшуда ба муассисаҳое, ки дар ҳақиқат ба ин таҷҳизотҳо ниёз доранд, мерасад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои босамар ва мақсаднок истифода бурдани таҷҳизоти мазкур тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд, – иброз дошт ӯ.

Сипас мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси муассисаи хайриявии исломӣ Абдуллоҳ Маътуқ ал-Мақтуъ дар назди ҳозирон баромад намуда, аз ҷумла изҳор кард:

– Пеш аз ҳама барои лутфу меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарми шумо миннатдорӣ баён мекунам. Ҳамин ҳамкориҳои созанда ва дӯстона моро бо ҳам овардааст. Ин ҳамкориҳо ба манфиати ҳар ду кишвар аст. Ҳадафи асосии ташкилоти мо расонидани кӯмак ба кишварҳои мусалмон аст. Бовар дорам, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мо идома хоҳанд ёфт,-гуфт ӯ. Ҳамчунин, раиси ташкилоти хайриявии байнлахалқии “Ассалом” аз давлати Қувайт доктор Навир ал-Амр низ баромад намуда, аз ҳамкории  мутақобилан судманди кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард.

Баъди суханрониҳо роҳбарияти вазорат ва меҳмонон аз дастгоҳҳои мазкур дидан намуда, изҳори эътимод карданд, ки таҷҳизоти мазкур барои беҳбудии вазъи сиҳатии омма саҳми худро мегузоранд.

Мудири шӯъбаи ҷарроҳии дили  Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо  Шамсиддин Бурҳонов дар суҳбат бо хабарнигори  moh.tj иброз дошт, ки 20 намуд дастгоҳ ба миқдори 58 адад ба марказ ворид шуда, аз байни инҳо дастгоҳи ЭКМО нахустин бор ба ҷумҳурӣ дохил шудааст. Боқимонда дастгоҳу таҷҳизоти тибби муосир – дастгоҳи хунгардиши сунъӣ барои гузаронидани ҷарроҳӣ дар дили кушода, вазифаи дил ва шушро иҷро мекунад,  дастгоҳи диалез,  ҳангоми ҷарроҳии гурда кори гурдаҳоро иҷро мекунад, дастгоҳи наркоз – барои нафасдиҳии сунъӣ ҳангоми беҳисгардонӣ,  боз дастгоҳ барои хориҷ кардани моеъҳои нолозим аз ковокии қафаси сина ва шикам, кардиомонитор кори узвҳои ҳаётан муҳимро  мушоҳида мекунад. Ҳамаи ин дастгоҳҳо воқеан дар фаъолияти табибон зарурӣ ба ҳисоб мераванд, – гуфт Шамсиддин Бурҳонов.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 973
  • 1,242
  • 949,993