62 нафар бошандагони муассисаҳои будубоши доимӣ ба муҳити оилавӣ баргардонида шуданд

62 нафар бошандагони муассисаҳои будубоши доимӣ ба муҳити оилавӣ баргардонида шуданд
Октябр 27
08:05 2020

Айни замон дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (хона-интернатҳо) 1174 нафар бошандагон, аз ҷумла 598 нафар мард, 476 нафар зан ва аз инҳо 100 нафарашон кӯдакони маъюб мебошанд. Аз ин шумора маъюбони гурӯҳи якум – 268 нафар, маъюбони гурӯҳи дуюм – 564 нафар, маъюбони гурӯҳи сеюм – 12  нафар, ҳамзамон 17 нафар ятимони кул, 38 нафар нимятим ва аз оилаҳои камбизоат 79 нафар дар таъминоти давлатӣ қарор доранд.

Давоми 9 моҳи соли равон 62 нафар бошандагони муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон ба муҳити оилавӣ баргардонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.

Дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳоло 43 адад марказу шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият доранд, ки давоми 9 моҳи соли 2020 ба 5271 нафар истифодабарандагон хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, равонӣ  ҳуқуқӣ расониданд, ки аз инҳо 4391 нафар пиронсолону маъюбон ва 880 нафарро кӯдакони имконияташон маҳдуд ташкил менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 633
  • 1,242
  • 949,653