Феврал 12
13:22
2020
То имрӯз, 12 феврали соли равон 922 нафар, аз ҷумла 111 нафар зан, 7 кӯдак, ки давоми чанд рӯзи охир аз вилоятҳои мухталифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхона ва истироҳатгоҳҳои мамлакат ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки аз ин шумора 70 нафарашон шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Хушбахтона, то кунун дар миёни онҳо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.