Душанбе: Аввалин Анҷумани кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва ИДМ баргузор гардид (15 АКС)

Душанбе: Аввалин Анҷумани кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва ИДМ  баргузор гардид (15 АКС)
Апрел 26
14:13 2019

Имрӯз, 26 апрели соли 2019 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин Анҷумани кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ БЕМОРИҲОИ ДИЛУ РАГҲО ВА СОМАТИКӢ» баргузор гардид.

Дар кори Анҷуман зиёда аз 450 нафар намояндагон, аз ҷумла 70 нафар мутахассисони варзидаи риштаи кардиологӣ, кардиоҷарроҳӣ ва терапевтӣ аз давлатҳои хориҷ иштирок карданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода кори анҷуманро оғоз бахшида, нахуст тамоми меҳмонони хориҷӣ – иштирокчиёни анҷуманро хайрамақдам намуд ва изҳор дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналхалқӣ ба рушди соҳа мусоидат намуда, дар натиҷаи табодули афкор табибон аз таҷрибаву дастовардҳои ҳамдигар баҳраманд мегарданд ва робитаи дӯстӣ миёни онҳо устувор мешавад.

Сипас роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон хонум Марта Эверард суханронӣ намуда, аз рушди ҳамкориҳои тиббӣ бо кишварҳои хориҷ ва пешрафти соҳаи кардиология дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Баргузории чунин чорабинии бошукӯҳи сатҳи ҷаҳониро дар равнақи малакаи табибон ва ҳамкориҳои судманд бисёр муассир донист.

Ба ҳамин тартиб табибон аз Федератсияи Росия, кишварҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Белорусия, Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Британия, Исроил, Эрон ва як қатор кишварҳои дигар маърӯзаҳои худро дар муҳимтарин масъалаҳои тиббӣ ироа доштанд. Аз ҷумла, ноиби Президенти Фонди ҳамкорӣ оид ба рушди кардиологии “Кардиопрогресс” Меҳмон Мамедов аз Росия, академик Анис Алавӣ аз Ӯзбекистон, профессори клиникаи Лейстер Ҷонатан Баррат аз Британия, сардухтури Маркази тиббии шаҳри Хайфа Роман Барак аз Исроил, профессори Беморхонаи клиникии ҷарроҳии дилу рагҳои Аҳмадобод доктор Сатя Гупта аз Ҳиндустон, профессор Сурайё Шукурова аз Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон баромадҳои ҷолибу пурмӯҳтаво намуда, аз роҳандозии усулҳои нави табобати бемориҳо ва дастовардҳои навини соҳа дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳозирон гузориш пешниҳод намуданд. Албатта, дар ҳар як маърӯзае, ки пешниҳод шуд, табибон барои фаъолияти минбаъдаи худ маълумотҳои муҳимро дарёфт намуданд.

Бояд гуфт, ки дар давоми ду рӯз наздики 70 маърӯзаи илмиву соҳавии табибони хориҷӣ ва дохил дар мавзӯъҳои калидии соҳа, ба монанди  ҳолат ва имкониятҳои рушди хадамоти кардиологӣ ва терапевтӣ, хусусиятҳои ташхис ва табобат дар шароити гипоксияи баландӣ ва ҳолати бемориҳои дилу рагҳо, ёрии таъҷилӣ ва фавқулоддаи ҳолатҳои буҳронӣ, ки ба бемориҳои кардиологӣ ва ҷисмонӣ вобастагӣ доранд, технологияҳои тиббии ҳозиразамон дар ташхис ва табобати беморони кардиологӣ, кардиологияи интервентсионӣ ва ҷарроҳии дилурагӣ, мушкилоти тибби асри XXI: аломати мубодилавӣ, касалии қанд, бемориҳои ҳамсон ва ғайра баррасӣ карда мешаванд.

Меҳмонони хориҷӣ – табибони сатҳи баланд ва пуртаҷриба перомуни бемориҳои доимии шуш дар таҷрибаи терапевтӣ, масъалаҳои ҷории гастроэнтерология, нефрология ва гематология, нуқсонҳои психосоматикӣ (рӯҳӣ-ҷисмонӣ) ва неврологӣ (асабшиносӣ) дар таҷрибаи табиб-кардиолог, бемориҳои системавии бофтаҳои пайвасткунанда ва тибби оилавӣ ва тандурустии ҷомеавӣ: ҳолат ва имкониятҳои рушд, амалиёти ҳамширагӣ дар клиникаи бемориҳои даруна мубодилаи афкор хоҳанд намуд.

Бояд гуфт, ки соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард дар Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Чунончи, бартараф намудани нуқсонҳои мураккаб бо роҳи ҷарроҳӣ ба монанди: Тетрадаи Фалло, ҳангоми декстракардия, коррексияи пурраи баромади якҷояи рагҳои магистралӣ аз меъдачаи рост, иҷроиши амалиёти Мастард ба беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодии намуди вазнин, гузоштани анастомози кавопулмоналии дусамта, амалиёти ҷарроҳии Мюллер ба кӯдаки 36-рӯза, меъдачаи ягона, транспозитсияи рагҳои магистралӣ, аномалияи Эбштейн бо натиҷаҳои хуб ба иҷро расидаанд.

Инчунин, дар соҳаи ҷарроҳии нуқсонҳои пайдошудаи дил  ва бемории ишемиявии дил иҷроиши амалиёти протезкунонии 2-3 дарғота бо натиҷаҳои хуб, истифодабарии протези биологӣ ҳангоми протезкунонии клапани митралӣ ва аорталӣ, гирифтани миксома аз даҳлези чап ва протезкунонии клапани митралӣ ба беморони синнашон боло аз 80-сола, якҷоя иҷро намудани протезкунии клапанҳо ва шунтикунонии коронарӣ, бастани носури байни шоҳраг ва шараёни шуши бо тимусэктомияи субтоталӣ, амалиёти ҷарроҳии Бентал Де Боно ва Девид (ивазкунӣ ва пластикаи клапани аорталӣ ва шоҳраги болораванда бо реимплантатсияи шараёнҳои коронарӣ ба протез) ҳангоми аневризмаи қисми болоравандаи аорта бо норасогии тоталии клапани аорталӣ, истифодаи шараёни бимаммарӣ барои шунтикунонии шараёнҳои коронарӣ, истифодабарии протезҳои биологии St. Jude medical ба занҳои синни репродуктивӣ (детородного возраста), истифодаи табобати ҳуҷайраҳои бунёдӣ ба бемории ишемиявии дил ва шунтикунонии коронарӣ боусули «of Pump» ва дар шароити хунгардиши сунъӣ бо таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

Дар соҳаи ҷарроҳии рентгенэндоваскулярӣ соли 2001 аввалин таҷҳизоти ангиографӣ дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина ташкил карда шуда, аввалин амали коронароангиография ва соли 2003 аввалин амали стентгузории шараёнҳои коронарӣ ба анҷомрасонидашуданд. Ҳамзамон, соли 2008-2009 аввалин амалиёти рентгеноэндоваскулярӣ дар беморони гирифтори нуқсони модарзодии дил, эмболизатсияи шароини бачадонӣҳангоми хунравии шадиди акушерӣ гузаронида шуданд. Мавриди зикр аст, кибо гузаронидани амалиётҳои ҳибридӣ (гибридные операции) дар андоми поён ҳангоми атеросклерози шараёнҳои пойҳо, реканализатсия ва стентгузории шараёни зериқулфакӣ, стентгузории шараёнҳои перифирикӣ, окклюзияи шараёни коллатералӣ аз системаи гардиши калон ба системаи гардиши хурди хун (Балка) бо спиралҳо (хангоми тетрадаи Фалло) ва валвулоплатикаи шараёни шушӣ ва шоҳраг ба шумораи зиёди беморон умри дубора ва умед ба зиндагӣ бахшидаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки эмболизатсияи вариди оварика ҳангоми варикози коси хурд, имплантатсияи ҳуҷайраҳои бунёдӣ ба шараёни ҳароммағз ҳангоми иллатнокии онҳо, эмболизатсияи шараёнхои максиляри ҳангоми хунравии шадиди ретсидиви аз бинӣ, стентгузории шараёни a. celiaca (чревный ствол) ҳангоми тангшавии шадиди он дар беморони гирифтори аортоартериити ғайрихусусӣ, имлантатсия ва барномасозии электрокардиостимуляторҳои як ва дукамеравӣ (Medtronic, St.Jude) ва окклюзияи рентгеноэндоваскуларии дефекти синуси Валсалваи рост амалиётҳо буда, бо донишу малакаи мукаммал олимони соҳа тавонистанд ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

Солҳои охир каронароангиографияи таъҷилӣ бо стентгузории коронарӣ ба беморони гирифтори «Синдроми шадиди коронарӣ» ва «Сактаи шадиди миокард дар соатҳои аввал» муваффақонаба танзим дароварда шудааст.

Дар соҳаи ҷарроҳии рагҳои хунгард низ мутахассисони варзидаи тибби тоҷик бо комёбиҳои хеш ифтихор доранд. Воридсозии васеи амалиётҳои ҳибридӣ – дар як марҳила барқарор намудани ду ва зиёда мавзеи тангшавии шараён ҳангоми иллати бисёрзинавӣ, шунтикунонии аутовенозии шоҳрагу шараёни гурдаӣ, шунтикунонии шоҳраги поёнраванда, бартарафасозии аневризмаҳои калони шоҳраг дар беморони ниҳоят вазнин исботи ин гуфтаҳоанд.

Бо истифода аз усулҳои нави омодасозии пеш аз ҷарроҳии беморони гирифтори феохромоситома, усули нави симпатэктомияи гарданӣ ва тарзи замонавии табобати бемории варикозӣ бо дастгоҳи лазерӣ, табобати инноватсионии ангиодисплазияҳои модарзодӣ ва иҷрои амалҳои ниҳоят мураккаб дар шоҳраги болораванда дар беморони гирифтори синдроми Марфан исботи он аст, ки олимони ин соҳа ҳамқадам бо замон буда, пайваста пайи омӯзиш ва  мебошанд. Натиҷаи чунин талошҳост, ки зиёда аз 30 рисолаи номзадӣ дар самти бемориҳои гуногуни рагҳои хунгард дифоъ гардида, зиёда аз 150 мақолаи илмӣ дар хориҷи кишвар интишор ва 13 усули нави ҷарроҳӣ ҳангоми бемориҳои гуногуни рагҳои хунгард ихтироъ гардиданд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил низ яке аз муассисаи муваффақи соҳавӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 2011 бахши «Шараён Варид» ифтитоҳ гардид ва бо ташхису табобати муосири бемориҳои дилу раг фаъолият дорад. Айни замон ангиографияи шараёнҳои гардан, системаи асаби марказӣ (интракраниалӣ) ва шараёнҳои гурда, ангиография ва стентгузории шараёнҳои пой ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

Дастгоҳи тадқиқотии «Кардиовизор» ва дастгоҳи ташхисӣ-тиббии «Тредмилтест», ҳамчунин оксигенаторҳо, мониторҳо, дефибриляторҳо, холтер-мониторҳо, электроотсосҳо, халтаҳои Амбу, ЭХОКГ-доплер, ЭХОКГ-ЧП, ВЭМ, ФВД барои гузаронидани ташхис ва табобати саривақтии беморон саҳми беандоза доранд.

Дар  бахши  «Шараён  Варид»-и Маркази мазкур маҳкам намудани нуқсони  байни  даҳлезҳо тариқи дастгоҳи ташхисӣ-тиббии «Оклюдер»  гузаронида  мешаванд.

Дар бахши озмоишгоҳ тропанини миқдорӣ ва гемоглобини қанддошта (глюкозированный) ва таҳлили «D-dimer» барои ташхиси тромбоэмболияи шараёни шушҳо ба роҳ монда шудаанд.

Дар самти табобат низ навгониҳо, ба мисли истифодабарии  якҷояи  добутрекс (добутамин) ва норадреналин ҳангоми шоки  омехта ва дар бахши бемориҳои музмини ишемиявии дил истифодаи маводи «Милдаргин»  ба  роҳ монда шудаанд. Истифодаи табобати сегона (аспирин, клопидогрел ва варфарин) дар беморони гирифтори БИД ва ниёз ба табобати антикоагулянтӣ ба роҳ монда шуданд.

Дар хизматрасонии терапевтии ҷумҳурӣ низ пешрафтҳои зиёде ба назар мерасанд. Бахши терапия аз ҳама соҳаи ниёзманди тиб буда,  оид ба системаҳои душвори вазифавию-мубодилавии организми инсон ва ҳамаи зуҳуроти он дар шароити вазифавии меъёрӣ, аз он ҷумла мутобиқшавӣ ба таъсири омилҳои берунаи муҳит, инчунин дар шароити патологӣ ахбороти пурраи бештар медиҳад.

Анҷумани кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи кардиологҳо ва терапевтони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳамкорӣ оид ба рушди кардиологӣ “Кардиопрогресс” ташкил намуданд.

Итминон дорем, ки баргузории чунин як ҳамоиши бузурги илмӣ дар рушди соҳаи кардиологӣ ва терапевтии кишвар такони ҷиддие хоҳад бахшид.

Анҷуман кори худро пагоҳ низ идома хоҳад дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 625
  • 1,242
  • 949,645