Китоби «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ» ба нашр расид

Апрел 29
14:30 2019

Нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе китоби «Паёми Пре­зи­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ»-ро ба нашр расонид.

Ба муносибати 25-со­лагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асари илмии му­ҳақ­қиқи ҷавон – мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сай­нозимзода бо номи «Паёми Пре­зи­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ» дар нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душганбе аз чоп баромад.

Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, асари мазкур на­ти­ҷаи омӯзиш, пажӯҳиш ва тадқиқоти илмии чандинсолаи муаллиф мебошад, ки оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии То­ҷикистон «Дар бораи самт­ҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст.

Тавре муҳаррири масъули китоб, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бахтовар Сафарзода  менависад: «Омӯзиш ва таҳлили ин рисолаи воқеан ҳам пурарзиш далолат бар он мекунад, ки муаллиф мав­зӯи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хо­ри­­ҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷи­­кистонро аз назари илми ҳуқуқ хеле моҳиро­на ба риштаи таҳлил ва пажӯҳиш кашида, дар он аз сарчашмаҳои илмии боэътимод, дидгоҳу афкор ва на­зарҳои созандаву пурҳикмати ҳуқуқши­но­со­ни ватанӣ ва хориҷӣ ба таври фаровон истифода намудааст».

Бояд гуфт, ки дар китоб моҳияти Паёми Президенти Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ва андешаҳои умумибашариву инсонмеҳваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зим­ни ироаи паёмҳояшон баён доштаанд, аз назари илмӣ шарҳ дода шудааст.

«Аса­р метавонад дар самти дақиқ омӯхтан ва воқиф гардидани ҳар шахс аз таърихи пайдоиш ва аҳамияти ҳу­қу­қии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва таҷрибаи ҷаҳонии паём­ҳои сарварони давлат ба парламент дар дигар мам­ла­катҳои ҷаҳон мусоидат намояд»,- илова намуд манбаъ.

Китоби мазкур барои истифода ба муҳаққиқону унвонҷӯёни риштаи ҳуқуқ ва дигар қишрҳои ҷомеа тавсия дода мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,140
  • 1,242
  • 950,160