Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи лоиҳаи “Тоҷик Эйд” семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯъи “Кор бо қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ, психотравматология ва дигар мушкилоти фишори равонӣ” баргузор гардид.
Тибқи иттилои шӯъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳи мазкур, дар кори семинари илмӣ-омӯзишӣ олимони соҳаи психиатрия ва психология аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи М.Ғ. Ғуломов” ва “Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ” иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки ҷиҳати оғоз бахшидани семинари мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори кишвари Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Нейтхарт Хюфер-Виссинг ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф овард.
Аз ҷониби олимон маърӯзаҳо доир ба бемориҳои руҳӣ, зӯроварии хонаводагӣ ва психотравматология пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.