Ҳамоиш бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии табиби оилавӣ”

Ҳамоиш бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии табиби оилавӣ”
Май 23
09:37 2019

19 майи соли ҷорӣ дар Муассиси давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  таълимию клиникии тибби оилавӣ»  бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии табиби оилавӣ» ва эълон гардидани «Рӯзи дарҳои кушод» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои  байналмилалӣ ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҳамин ҳол Фирдавс Рауфов, сардори шуъбаи дастуриву методии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ мегӯяд,  ҳамасола  дар тамоми ҷаҳон  19 май  «Рӯзи ҷаҳонии табиби оилавӣ» таҷлил мегардад, ки мақсад аз он  ҷалб  намудани  диққати тамоми ҷомеа ба ихтисоси тибби оилавӣ ва саҳми  муҳими онҳо  дар пешрафти соҳаи  тандурустӣ ҷиҳати таъмини  солимии аҳолӣ, алалхусус барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии тибби оилавӣ мебошад.

-Аз ин рӯ,  мо низ имрӯз тасмим гирифтем, ки ҳамоиши мазкурро  баргузор намуда, аз рафти   кори табибони оилавӣ ва таҷрибаи  онҳо  донишҷӯёнро шинос намоем. Инчунин дар байни онҳо доир ба ин самт саволу ҷавоб ва викторинаҳо гузаронида мешавад,-мегӯяд ӯ.

Қобили зикр аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки асосии ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2020» бармеояд, ин рушди сифатноки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад, ки он  ба тибби оилавӣ асос ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки қарор оиди ҷашни “Рӯзи байналмилалии табиби оилавӣ” соли 2010  дар ҷаласаи Ташкилоти байналмилалии табибони оилавӣ (WONCA) қабул карда шуда, 19 майи соли 2011 дар маросими кушодашавии Анҷумани умумиҷаҳонии табибони оилавӣ дар шаҳри Канкуни давлати Мексика расман эълон гардидааст. Ҳамасола бо мақсади ҷалб намудани диққати тамоми ҷомеа ба ихтисоси тибби оилавӣ ва саҳми муҳими онҳо дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ҷиҳати таъмини солимии аҳолӣ, алалхусус барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии тибби оилавӣ, ҳамасола 19 май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии табиби оилавӣ” қайд карда мешавад.

Аз нигоҳи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз воситаҳои пешбаранда ва асосӣ ҷиҳати расидан ба стратегияи солимии омма мебошад. Зеро КАТС вазифаҳои асосии соҳаи тандурустиро иҷро намуда, қисмати онро ташкил медиҳад ва ҷузъи ҷудонашавандаи тамоми равандҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ҳолати КАТС самарабахшӣ ва сифати фаъолияти тамоми соҳаи тандурустӣ, инчунин мушкилотҳои иҷтимоӣ дар сатҳи оила ва гурӯҳҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳифзнагардида: занон, кӯдакон, маъюбон ва пиронсолон вобаста мебошад.

Дар Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 2017 №374 қабул карда шудааст, боби 11 ба “Тибби оилавӣ” бахшида шудааст. Аз он ҷумла, тибби оилавӣ аз рӯи принсипҳои зерин фаъолият менамояд:

– кумакрасонӣ ҳангоми робитаи аввал – муоинаи аввал, қабули бемор дар ҷойи ҳодиса бе ҷалби дигар мутахассисони тиббӣ;

– дастрасӣ – кумакрасонии аввалияи тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон дар муҳлати кӯтоҳтарин новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк;

– ҳамбастагӣ – кумаки мутахассисони тибби оилавӣ ба беморон бо роҳи табобат, барқарорсозии саломатӣ ва корҳои пешгирикунанда;

– муттасилии фаъолият – кумаки пайвастаи тиббии мутахассиси тибби оилавӣ;

– ягонагӣ – баррасии масъалаҳои вобаста ба солимии шахси алоҳида, оила ва ҷомеа дар алоқаи зич бо масъалаҳои мавҷудаи вазъи ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ;

– таваҷҷуҳ ба оила – баррасии масъалаҳои тибби оилавӣ дар доираи оила ва робитаҳои иҷтимоии шахс;

– эътимоднокӣ – эътимоди беморон ба махфӣ нигоҳ доштани иттилооте, ки онҳо ба мутахассисони тибби оилавӣ мерасонанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардонии тибби оилавӣ аз соли 1998 оғоз гардидааст. «Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 № 317 тасдиқ гардидааст тадриҷан амалӣ шуда истодааст ва ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани сифат, дастрасӣ, самаранокии маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад.

Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани раванди рушди тибби оилавӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 августи соли 1998 “Маркази ҷумҳуриявии тибби оилавӣ” таъсис дода шуд. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 аъзои Ташкилоти байналмилалии табибони оилавӣ (WONCA) гардидааст.

Қайд кардан лозим аст, ки дар давоми 20 соли охир дар ҷумҳурӣ кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ самаранок ворид гардида истодааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 1 Маркази ҷумҳуриявӣ, 3 маркази вилоятӣ, 3 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Хатлон, 3 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Суғд ва 5 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар самти тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ ва расонидани кӯмаки ташкилию дастурӣ барои кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС фаъолият намуда истодааст.

То имрӯз дар ҷумҳурӣ 4352 нафар табибони  оилавӣ ва 8155 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ ба таври бозомӯзӣ омода карда шудаанд.

Бояд кайд намуд, ки айни замон дар тамоми қаламрави кишвар мутахассисони соҳибихтисоси тибби оилавӣ ба аҳолӣ хизматрасонии тиббию санитарӣ мерасонанд, ки дар маҷмӯъ барои пешгирии бемориҳо, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд ва нишондиҳандаҳои оид ба муроҷиат ва фарогирӣ ба хизматрасниҳои тиббӣ аз тарафи мутахассисони тибби оилавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ тадриҷан беҳтар гардидаанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 951
  • 1,242
  • 949,971