Раиси вилоят гурӯҳи кории намояндагони Бонки умумиҷаҳониро ба ҳузур пазируфт

Раиси вилоят гурӯҳи кории намояндагони Бонки умумиҷаҳониро ба ҳузур пазируфт
Май 27
09:53 2019

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи кории намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, ки бо роҳбарии Кейт Мандевил ба вилояти Суғд ташриф оварданд, мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар оғози мулоқот Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз дастгириҳои молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо кӯмаки ин ниҳоди байналмилалӣ дар қаламрави вилоят якчанд лоиҳа ва барномаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”  татбиқ шуда истодааст.

“Раиси вилоят таъкид кард, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, сол аз сол афзудани ҳаҷми маблағгузорӣ барои беҳтар гардидани вазъи солимии мардум ва баланд шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд”,-меафзояд манбаъ.

-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат пайваста барои беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ кўшиш намуда, соли равон маблағгузории соҳаро нисбат ба соли 2010 чоруним маротиба зиёд ва ба 416 млн. сомонӣ баробар сохт,-дар ин мулоқот таъкид намуд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар аснои суҳбат ҳамзамон аз саҳми Бонки умумиҷаҳонӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии ин ташкилоти молиявӣ аз соли 2014 инҷониб дар шабакаҳои муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Мастчоҳ татбиқи лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” идома дорад.

Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа аз такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) тавассути “Маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият”, инчунин такмил додани иқтидори кадрӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС иборат буда, лоиҳа дар 114 муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарии 4 ноҳияи таҷрибавӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар ин давра ба марказҳои саломатии деҳоти ноҳияҳои таҷрибавӣ  42 номгўи таҷҳизоти клиникӣ ва мавод, ба ноҳияҳои Мастчоҳу Деваштич бошад шаш мошини ёрии тиббии муҷаҳҳаз дастрас карда шуд. Бо мақсади бозомўзии кормандони тибби оилавии ноҳияҳои таҷрибавӣ курсҳои шашмоҳа ва такмили ихтисос созмон  ёфт, ки дар натиҷа 475 корманди тиб бозомӯзӣ намуданд.

Дар доираи лоиҳа инчунин сохтмони 14 маркази саломатии деҳот дар се ноҳияи таҷрибавӣ – Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Деваштич ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмони 10 маркази саломатии деҳот ба анҷом расидааст.

Раиси вилоят пешниҳод кард, ки лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар қаламрави вилоят идома дода шуда, марказҳои саломатие, ки дар маркази ноҳияҳо фаъолият мебаранд, ба лоиҳа шомил карда шаванд.

Намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ бо изҳори сипос аз истиқболи самимӣ омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳо баён дошта, таъкид карданд, ки давоми чанд рӯз бо ҷараёни татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ шинос мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 993
  • 1,242
  • 950,013