Ташрифи олимон ба Донишгоҳи тиббӣ

Ташрифи олимон ба Донишгоҳи тиббӣ
Май 31
08:48 2019

Санаи 27 майи соли равон дотсенти кафедраи физиологияи патологии Академияи тиббии Ижевски Русия Яковенко И.В ва ассисенти кафедраи  мазкур Фадеева Э.Е. ба Озмоишгоҳи марказии илмӣ–тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварда, аз фаъолияти бахшҳои морфология, ҷарроҳии эксперменталӣ ва биохимия, молеклярӣ-генетикӣ ва аз намудҳои ҳайвоноти озмоишӣ дидан намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи донишгоҳи мазкур, меҳмонон бо шунавандагони курси такмили ихтисос ва ихтисосгирии аввалияи “Духтури таҳлилгар” суҳбат намуда, бо бахшҳои озмоишгоҳ ва бахши нигоҳдошти ҳайвоноти озмоишӣ (харгушҳо, мушҳои сафед, хукчаи баҳрӣ) шинос шуданд.

Меҳмонон, ки хостори ҳамкорӣ дар оянда шуданд, нақшаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ  гардиданд. Дар охири мулоқот ба меҳмонон китобча ва буклетҳо оид ба дастовардҳои  озмоишгоҳ тақдим карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ташрифи олимону профессорон аз кишварҳои гуногуни дунё  ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳукми анъана даромадааст, ки он метавонад барои таҷрибаандӯзии устодону донишҷӯёни ин даргоҳ саҳми бориз гузорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 712
  • 1,242
  • 949,732