“Бидуни тамоку”

“Бидуни тамоку”
Май 31
10:38 2019

Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку», ки ҳамасола имрӯз, 31 май дар тамоми ҷаҳон қайд карда мешавад,  дар Маркази матбуоти  ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳти унвони «Тамоку ва саломатии шуш»  нишасти матбуотӣ  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марте Эверард, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Парвина Мухторова, Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббӣ Суҳроб Воҳидов, сармутахассиси вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимахон Ахмедова  ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, оид ба зарари тамоку ба саломатии инсон мухтасар изҳори назар намуд.

Дар идомаи суханронии хеш ӯ аз саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди маҳдуд намудани тамоку ёдовар шуда, қайд намуд, ки бо ин мақсад  2 январи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Қобили зикри аст, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ аз қабул гардидани ин қонун истиқбол намуда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон намуд.

Ин ташкилоти бонуфузи  байналмилалӣ  31 майи соли 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии худ ном бурд.

Хушбахтона имрӯз дар Тоҷикистон дар самти маҳдуд намудани истеъмоли маҳсулоти тамоку аз тарафти мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом дода мешавад.

Дар чорабинӣ ба самъи иштирокчиён хушхабар расонида шуд, ки чанде қабл  Тоҷикистон азъои Кумитаи иҷроияи Комиссияи аврупоӣ гардид, ки ин боиси баланд рафтани мақом  ва манзалати Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Қайд гардид, ки тамокукашӣ яке аз сабабҳои асосии гирифтор шудан ба бемориҳои вазнин буда, ҳангоми воридшавии дуди тамоку ба бадани инсон он ба вайроншавии торҳои асаб, ки узвҳои дохили баданро идора мекунанд, оварда мерасонад.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, ҳангоми истеъмоли тамоку он пеш аз ҳама, ба узвҳои нафаскашӣ дохил шуда, ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Он моддаҳои зараровари бофтаҳои пардаи луобии роҳҳои нафасро заиф намуда, ба як қатор бемориҳои узвҳои нафас оварда мерасонад. Тамокукашӣ сабаби бемориҳои илтиҳоби найчаҳои шуш, саратони шуш, илтиҳоби пардаи луобии ковокии бинӣ ва дигар бемориҳои роҳи нафас мешавад.

Дар идома роҳбари Намояндагии Ташкилоти  умумиҷаҳонии  тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марте Эверард, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Парвина Мухторова, сармутахассиси вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимахон Ахмедова маъруза намуда, оид ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи чорабинӣ изҳори назар карданд.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ истифодаи тамокуро яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва  фавти аҳолӣ номида, мувофиқи маълумоти ин ташкилот, ҳамасола дар ҷаҳон бештар аз 8 миллион  нафар аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, ҷони худро аз даст медиҳанд.

Мутахассисони соҳа дақиқ намудаанд, дар як дона тамоку зиёда аз 4 ҳазор намуд моддаҳои химиявӣ мавҷуд буда,  аз онҳо 250 намудашон зараровар ва 50 намуди дигарашон бавуҷудоварандаи бемории саратон мебошанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ миёни рӯзноманигорон ва масъулини соҳа саволу ҷавоб доир гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 737
  • 1,242
  • 949,757