1556 нафар Донишгоҳи тиббиро хатм намуданд

1556 нафар Донишгоҳи тиббиро хатм намуданд
Июн 07
09:50 2019

Имсол бори 74-ум Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1556 нафар хатмкунандагони хешро ба хизмати халқу Ватани хеш сафарбар менамояд, ки 65 нафари онҳо донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд.

Ин нукта зимни баргузории як чорабинӣ дар донишгоҳи мазкур  таъкид гардид.

Боиси хушнудист, ки хатми имсолаи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба воқеаи хеле муҳим, яъне 80 солагии таъсисёбии ин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ рост омад, ки имрӯзҳо устодону донишҷӯёни таълимгоҳ баҳри таҷлили сазовори ин санаи таърихӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд. Дар тӯли мавҷудияташ ин даргоҳи муқаддас беш аз 43 ҳазор нафар мутахассисони соҳибмаълумотро тарбият намудааст, ки ҳар кадоми онҳо бо кору фаъолияти шоистаашон заррае ҳам бошад, мақому манзалат ва обрӯву эътибори донишгоҳи азизро дар байни мардуми кишвар ва берун аз он шарафмандона муаррифӣ намудаанд.

Қобили зикр  аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши табибу омӯзгорро дар ҷомеа хеле баланд арзёбӣ намуда, зикр кардаанд, ки: «Касбҳои табиб ва муаллим аз ҷумлаи касбҳои пурифтихор ба шумор мераванд, чунки яке бо табобату тарбияи бадан ва дигаре бо тарбияву такмили маънавиёти инсон машғуланд. Аз ин рӯ, бояд соҳибони ин ду касби муқаддас ҳамеша дасту дили пок ва нияти неку беғараз дошта бошанд».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 727
  • 1,242
  • 949,747