Муассисаи муосири тиббӣ барои кӯдакон (АКС)

Муассисаи муосири тиббӣ барои кӯдакон (АКС)
Июн 28
15:21 2019

 

 

28 июни соли 2019 дар бинои 11 – и Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Шифобахш» маросими ба истифода супоридани шӯъбаҳои нави кӯдакона баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур Насим Олимзода , вазири тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷаноби Найтхарт Хёфер – Виссинг, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Бонки олмонии рушд ва барқарорсозӣ Андреас Шнайдер, роҳбарияти вазорат, кормандони муассисаи мазкур ва доираи васеи хабарнигорон иштирок намуданд.

Қабл аз буридани лентаи рамзӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода чорабиниро оғоз бахшида, чунин таъкид намуд:

-Боиси ифтихору фараҳмандист, ки маросими ифтитоҳи шӯъбаҳои бинои ёздаҳи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Шифобахш» дар ҳошияи чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардида истодааст. То ҳол мо зери таассуроти лаҳзаҳои ҷашни мубораки ин санаи таърихӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари бобарору созандаи Сарвари давлат ба ноҳияҳои водии Рашт қарор дорем. Ин ҳама созу самараи сиёсати хирадмандона ва сулҳпарвари Пешвои муаззами миллати мо мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ман ба аҳли мушовирону мутахассисони ҷониби олмонӣ дар шахсияти ҷаноби Сафир ва роҳбарияти Намояндагии Бонки олмонии рушд ва барқарорсозӣ, ҳамзамон сохтмончиёну муҳандисони ватанӣ, тамоми кормандони марказ, муассисаҳои таълимӣ арзу сипоси бепоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро изҳор менамоям”.

Ба гуфтаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иқдоми вазорат сараввал тибқи дастури Роҳбари давлат ҷиҳати бартараф намудани мушкилотҳои бамиёномада ҳангоми сар задани ҳодисаҳои фалаҷ дар ҷумҳурӣ дар соли 2010 оид ба ташкили сохтори махсусгардонидашудаи ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сарчашма гирифта буд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ расман ҳамчун кишвари озод аз полиомиелит (яъне бемории фалаҷ) эътироф ва сертификатонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон бо кишварҳои дорои хатари сар задани эпидемияи фалаҷ ҳаммарз буда, эҳтимолияти ворид шудани сирояти чунин бемориҳои хатарнок то ҳол вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ташкили шӯъбаи махсусгардонидашуда, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ба шӯъбаи карантинии бемории фалаҷ табдил мегардад, дастоварди назаррас гардид.

Дар раванди муҳокимаи ин масъалаи муҳим ташаббуси вазорат вобаста ба ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ барои таҷдид ва бунёди дигар шӯъбаҳои бино, ки иборат аз 6 шӯъба буда, дар маҷмӯъ заминаи асосии сохтори ҳозиразамони хизматрасонии кӯдакони навзод, аз ҷумла эҳёгарӣ ва табобати тифлони бо оризаҳои гуногун тавлидшуда муқаррар гардидааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дастгирии худро ёфтанд. Бояд гуфт, ки марҳилаи оғози мувофиқасозӣ, баимзорасонии шартномаҳо, корҳои тендерӣ ва хариди хизматрасонӣ, молҳо, раванди корҳои таъмирию барқарорсозӣ, насбу васлкунии таҷҳизоту асбобҳо то марҳилаи баистифодадиҳии иншоот муддати 5 солро ташкил намуд.  Хароҷоти умумии барнома аз маблағҳои грантӣ 1 миллиону 900 ҳазор евро ва маблағгузории саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор евроро ташкил намудааст.

Шӯъбаҳои бино бо истифода аз технологияҳои нави меъморию сохтмонӣ таъмиру барқарор карда, бо таҷҳизотҳои ташхисию табобатии муосир ва истеҳсоли аврупоӣ, ба туфайли дастгоҳи рентгении модели «AGfA», таҷҳизоти нафасдиҳии сунъии Дрегер, маҷмӯи гуногунҷабҳаи физиотерапевтӣ, асбобҳои амалиётии бронхоскопӣ, мониторҳои назоратӣ, дастгоҳҳои дастраскунии кислород, мебелу лавозимоти тиббии махсус ва ғайра муҷаҳҳазонида шудаанд. Ҳамзамон, мутахассисони шӯъбаҳо дар шаҳри Улми Германия дар курсҳои кӯтоҳмуддат омӯзонида шудаанд

Ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхарт Хёфер ва директори Бонки олмонии рушд Андреас Шнайдер дар ҷамъомад баромад намуда, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ роҳбарияти вазорат ва меҳмонон аз ошёна ва ҳуҷраҳои муассисаи нав дидан намуда, ба шароити муосири бинои нав баҳои баланд доданд. Дар муассисаи нав шӯъбаҳои ташхису табобат бо дастгоҳҳои муосири тибби кӯдакона муҷаҳҳаз гардида, барои фароғати кӯдакон ҳуҷраҳои махсус бо бозичаҳои шавқовар ташкил карда шудааст.

Оғози фаъолияти муассисаи нави сатҳи ҷумҳуриявӣ ба рушди соҳа таъсири назаррас гузошта, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ барои кӯдаконро бамаротиб боло мебарад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 961
  • 1,242
  • 949,981