ҚАРОРИ НАВИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ: оид ба гузаронидани муоинаи пешакии тиббии наваскарон

ҚАРОРИ НАВИ  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ: оид ба гузаронидани муоинаи пешакии тиббии наваскарон
Июл 04
08:02 2019

 

Раиси шаҳри Душанбе масъулинро барои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992-2001 муваззаф намуд

 Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019 тасдиқ гардид.

Тибқи қарори  дахлдор, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,  раисони ноҳияҳои пойтахт, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳр муваззаф гардидаанд, ки  омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд.

Ҳамчунин масъулин вазифадор гардидаанд, ки  ҷиҳати  ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то  25 сентябри  соли 2019 барои гузаронидани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, нисбат ба даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар  ин робита Раиси шаҳр  ба роҳбарони сохторҳои марбута супориш додааст, ки  тибқи тартиби муқарраргардида, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маблағҳои заруриро барои харидорӣ намудани маводи зарурӣ (либос, маводи гигиенӣ, дафтардорӣ) ҷудо намоянд.

Дар қарори мазкур омадааст, ки   барои сари вақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсии давлатӣ оид ба  даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро аз ҳисоби курсантҳо таъмин намоянд.

Дар асоси қарори марбута  раисони маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдову хизматрасонӣ новобаста аз шакли тобеият вазифадоранд, ки  бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе рӯйхати пурраи ҷавонписарони синни даъватиро дар муҳлати кӯтоҳ барои омӯзиш ва омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ пешниҳод намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 1,208
  • 1,242
  • 950,228