Фаъолияти лоиҳа натиҷагирӣ карда шуд

Фаъолияти лоиҳа натиҷагирӣ карда шуд
Июл 05
15:24 2019

Душанбе, 05:07:2019 /Moh.tj/ дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе  ҷаласаи чоруми Кумитаи  муштараки роҳбарикунанда бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти  Лоиҳаи беҳтаргардонии ҳифзи саломатии модару кӯдак дар вилояти Хатлон марҳилаи 2-юм баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саида Умарзода, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, роҳбари намояндагии дафтари JICA Ҳидеки Танабе ва дигар шахсони масъул дар ин самт иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, оид ба  ҳадаф ва мақсади татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои фарогир суханронӣ намуд.

Пасон роҳбари намояндагии дафтари JICA Ҳидеки Танабе низ суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа  дастовардҳои лоиҳа дар давоми ду сол,  масъалаҳо ва мушкилотҳо аз рӯйи натиҷаҳо ва нақшаи фаъолияти лоиҳа барои ду соли оянда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Лоиҳаи беҳтаргардонии ҳифзи саломатии модару кӯдак дар вилояти Хатлон марҳилаи 2-юм дар 6 ноҳия:Леваканд, Кушониён, Балҷувон, Муъминобод, Ховалинг ва Норак фаъолият дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 899
  • 1,242
  • 949,919