Ба имзо расидани ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи тиббӣ ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Лаҳистон

Ба имзо расидани ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи тиббӣ ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Лаҳистон
Июл 06
11:11 2019

5-уми июли соли 2019 ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода меҳмони олиқадр сафири Фавқуллода ва Мухтори кишвари Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Петр Ивашкевич ва ёрдамчии сафир хонума Сайёра Тошпулатоваро  ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи донишгоҳи мазкур, дар соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино лоиҳаи грантии илмии “Ҷорӣ намудани таълимӣ мултимедӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, ки аз ҷониби сафоратхонаи ҷумҳурии Лаҳистон бо мақсади дастрас намудани таҷҳизотҳои илмӣ ҷудо гардида буд, бурд намуд. Оғози амалишавии лоиҳаи мазкур шурӯъ аз соли нави таҳсил дар назар дошта шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, мақсади асосии ташрифи сафири Фавқуллода ва Мухтори кишвари Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Петр Ивашкевич ин ба тавсиб расонидани ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Лаҳистон мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи лоиҳаи болозикр якчанд таҷҳизотҳо ҷиҳати гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ба озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ дастрас карда мешавад. Таҷҳизотҳои воридшаванда барои омӯзгорон да донишҷӯёни донишгоҳ имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар маркази болозикр тадқиқодҳои илмии худро гузаронанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 955
  • 1,242
  • 949,975