Таҷлили Рӯзи маъюбон дар “Чорбоғ”

Таҷлили Рӯзи маъюбон дар “Чорбоғ”
Июл 08
13:02 2019

Душанбе, 08:07:2019 /Moh.tj/ Бахшида ба Рӯзи маъюбон  дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Варзоб Мухтор Қосимзода, Директори Муассисаи давлатии кӯдакони маъюб  “Чорбоғ” Маҳмадулло Қосимов, Сардори бахши хизматрасонии иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Юсуфзода ва волидони бошандагони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Фахриддин Юсуфзода, Сардори бахши хизматрасонии иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз номи роҳбарияти  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кӯдаконро шодбош намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин қишри ҷомеа ёдовар шуд.

Пасон миёни бошандагони муассисаи мазкур бозиҳои шавқовар доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Барномаи консертӣ хотимабахши ин чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ гардид, ки кӯдакон дар зери садои мусиқӣ шодиву хурсандӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хусусан дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои дахлдор бахшида ба Рӯзи маъюбон аз 4 июл инҷониб ба нақша гирифта шуданд.

Аз ҷумла, 4 июли соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷлиси васеъ бо иштироки намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон, шахсони маъюб ва аъзои оилаи онҳо, ассотсиатсияи волидайни кӯдакони маъюб, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои алоқаманд доир гардид.

Ғайр аз ин, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи маъюбон ба зиёда аз 60 нафар шахсони дорои маъюбияти сокинони пойтахт аробачаҳои маъюбӣ тақсим карда шуд.

Ҳамин гуна чорабиниҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба нақша гирифта, баргузор карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 628
  • 1,242
  • 949,648