Ҳуқуқҳои меҳнатии маъюбон

Ҳуқуқҳои меҳнатии маъюбон
Июл 08
15:03 2019

 Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор стратегия ва ҳуҷҷатҳои муҳимеро дар самти дастгирии ҳуқуқҳои маъюбон, шахсони имконияташон маҳдуд  ба тасвиб расонидааст, ки ин пеш аз ҳама  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии аҳолии маъюбон”, “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020, “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2020, ба тасвиб расонидани ҳуҷҷат “Оид ба баёнияи мавқеъ нисбати маъюбон барои солҳои 2014-2019 бо номи “Саломатии беҳтар барои маъюбон бо мақсади бунёди ҷомеаи фарогир дар Тоҷикистон” мебошанд. Ҳадаф ва мақсади ба тасвиб расидани қонун ва санадҳои болозикр  таъмин намудани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва солимгардонии онҳо мебошанд.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат моҳи марти соли 2018  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид  оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонид.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар санадҳои баимзорасида оид ба ҳуқуқи маъюбон зикр гардидааст, муносибатҳои меҳнатии ин табақа мебошад. Тавре аз санадҳои болозикр бармеояд, ин табақа низ дар баробари дигар қишри ҷомеа ҳуқуқ ба меҳнатро доранд ва қонун барои онҳо имтиёзҳои муайяне низ таъйин намудааст. Ҳатто маъюбӣ барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии онҳо монеа шуда наметавонад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон барои ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани маъюбони гурӯҳи 1 ва 2  иҷозати Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ талаб карда мешавад. Дар сурати аз ҷониби Хадамоти мазкур пешниҳод шудани хулоса дар хусуси  ғайриқобили меҳнат будани маъюб ва ё таҳдид намудани кори иҷрошаванда ба ваъзъи саломатии маъюб, шахси маъюб аз ҳуқуқи кор кардан маҳрум карда мешавад. Бо дарназардошти ба кор таъмин намудани  маъюбон бахусус дар давраи рушди муносибатҳои бозорӣ, барои амалишавии ҳуқуқи маъюбон ба меҳнат қонунгузорӣ як қатор имтиёзу кафолатҳоро пешбинӣ намудааст.

Яке аз кафолати асосии иҷтимоии ҳуқуқҳои меҳнатии маъюбон ин муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани ин табақа ба шумор меравад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” пешбинӣ шудааст, ки  дар ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳангоми на катмар аз 20 нафар будани шумораи кормандони онҳо,  ба андозаи на камтар аз панҷ фоиз аз шумораи умумии кормандон ба маъюбон  барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад. Талаботи қонуни мазкур дар хусуси квота ҳамон вақт иҷрошуда ҳисобида мешавад, ки агар дар байни корфармо ва шахси маъюб шартномаи меҳнатӣ баста шуда бошад.

Тибқи  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбони гурӯҳи  1 ва 2 давомнокии вақти корӣ  на зиёда аз 26 соат дар як ҳафта бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда шуда, давомнокии кори ҳаррӯзаи басти кории онҳо аз 6 соат зиёд буда наметавонад.

Истифода меҳнати маъюбон дар корҳои вазнин, кор бо шароитҳои зарарнок ва хавфноки меҳнат манъ карда шуда, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 ба корҳои бо усули вахтавӣ иҷрошаванда иҷозат дода намешаванд.

Ҷалб намудани маъюбон ба кори шабона, изофакорӣ, дар рӯзҳои ичстироҳат ва ид танҳо бо розигии хаттии онҳо иҷозат дода мешавад, агар иҷрои чунин корҳо ба нишондодҳои тиббӣ манъ карда нашуда бошад.  Фиристодагони маъюбон ба сафари хизматӣ низ бо розигии онҳо сурат мегирад.

Рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда ба кормандони маъюбӣ гурӯҳҳои  1 ва 2-42 рӯз, гурӯҳи 3-35 рӯзи тақвимӣ муқаррар карда шуда, рухсатии бемузди меҳнат ба маъюбони коркунанда то  2 моҳ дар як сол бо хоҳиши онҳо ба таври ҳамтӣ дода мешавад.

Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди маъюб бо ташаббуси корфармо ба мисли дигарон сурат гирифта, ҳангоми ошкор гардидани номувофиқатии корманди маъюб ба вазифаи (мансаб)-и ишғолкардааш ё кори иҷро мекардааш бо сабаби вазъи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамин кор халал мерасонад, агар он дар асоси хулосаи тиббӣ тасдиқ бошад, мумкин аст. Ба маъюбон ҳангоми бекор шудани шартномаи меҳнатӣ бо сабаби тағйир ёфтани технология, ташкили истеҳсолот ва меҳнат, ки кам шудани ҳаҷми кор боиси ихтисор шудани шумора, воҳиди кории кормандон ё тағйири шароити меҳнат гардидааст, ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан дода мешавад.

Барои таъмин шудан бо кор ва ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани маъюбон мувофиқи мақсад аст, ки кӯшишҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити корӣ барои маъюбон тибқи барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо фаъол гардонида шуда, афкору муносибати ҷомеа нисбати маъюбон тағйир дода шавад.

Бинобар ин маъюбонро лозим аст, ки ҳангоми зарурат ба Хадамоти шуғли аҳолӣ муроҷиат  намоянд ва касбҳои навро азхуд карда, бо кӯшиш ва ёрии давлату ҷомеа имконияти маҳдуди худро пурра намоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,072
  • 1,242
  • 950,092