Дар вилояти Суғд ба ҳифзи саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар нимсолаи якуми соли равон баҳри амалӣ намудани барномаҳои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои назаррас ба иҷро расиданд.
Дар шаш моҳи сипаришуда дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят азнавсозӣ ва таъмиру тармими 13 беморхона, 4 бунгоҳи саломатӣ, 12 маркази саломатӣ, 9 таваллудхона, 31 нуқтаи хатнаи кўдакон ва 23 дорухона ба итмом расонида шуд.
Бояд зикр кард, ки тибқи нақша бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо то охири сол дар маҷмуъ сохтмон, таъмир ва азнавсозии 23 беморхона, 83 бунгоҳи саломатӣ, 61 маркази саломатӣ, 14 таваллудхона, 55 нуқтаи хатна ва 35 дорухона дар назар дошта шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.