“Сипоснома”-и раиси кумита ба Директори маркази матбуот

“Сипоснома”-и раиси кумита ба Директори маркази матбуот
Июл 23
14:50 2019

Директори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибихонум Дарвешзода  бо “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

“Сипоснома”-и мазкур, ки аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода тақдим гардидааст, дар матни он аз ҷумла омадааст: “барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани силсилаи чорабиниҳои тарғиботиву ташфиқотӣ, фарҳангию маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сарфароз гардонида шуд”.

Бибихонум Дарвешзода аз моҳи октябри соли 2018 дар вазифаи Директори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун фаъолият дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки ӯ чанде қабл бахшида ба Рӯзи байналмилалии матбуоти озод, ки 3 май дар сар то сари олам таҷлил карда мешавад, сазовори Ҷоизаи “Ҳамраъйии касбӣ”-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон гардида буд.

Бибихонум Дарвешзода қаблан дар расонаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла ба ҳайси хабарнигор, котиби масъул ва ҷонишини  сармуҳаррири ҳафтаномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон-“Минбари халқ” фаъолият намуда, собиқаи  21 солаи корӣ дар  соҳаи журналистикаро  дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 721
  • 1,242
  • 949,741