Хатлон: сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз сохтмони муассисаҳои тиббӣ дидан намуд

Хатлон: сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз сохтмони муассисаҳои тиббӣ дидан намуд
Июл 29
08:18 2019

 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ аз чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дидан намуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷараёни сафари корӣ дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутии Ноҳияи Ховалинг аз сохтмони бинои Беморхонаи рақамӣ боздид ба амал овард. Зимни шиносоӣ аз сохтмони муассисаи тандурустӣ Сарвазири мамлакат ба пудратчиони иншоот баҳри бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳо дод. Инчунин, ҳайати корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии беморхонаи Марказии ноҳияи мазкур дидан намуд.

Гурӯҳи кории Ҳукумат таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Муъминобод аз бунёди осоишгоҳи бемориҳои қалб дар шаҳраки Муъминобод дидан ба амал овард. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони ин иншооти муҳим имкон фароҳам меоварад, ки 107 нафар дар як вақт ба табобату истироҳат фаро гирифта шаванд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуд. Инчунин, ҳайати ҳукуматӣ  ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази ҷароҳии дил ва маҷмааи фарҳангию варзишии модару кӯдакро санҷид.

Дар хотимаи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо иштироки фаъолони вилояти Хатлон доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур бо натиҷагирӣ аз сафари серӯза дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Сарвазири мамлакат ба масъулин ҷиҳати хуб ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ, иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 909
  • 1,242
  • 949,929