Даҳаи дастгирии синамаконӣ баргузор мегардад

Даҳаи дастгирии синамаконӣ баргузор мегардад
Июл 29
13:44 2019

Ҳамасола аз 1 то 10 август дар ҷаҳон Ҳафтаи дастгирии синамаконӣ гузаронида мешавад. Ин маърака дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 гузаронида шуда, имсол он таҳти шиори «Ҳуқуқҳо ва имкониятҳои волидайнро васеъ намуда, барои ғизои табиӣ (синамаконӣ) имконият фароҳам намоед», баргузор  хоҳад шуд.

Дар робита ба ин маърака тибқи Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 10 августи соли равон баргузории чорабиниву вохурӣ ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ миёни аҳолӣ  ба нақша  гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки  мақсади  асосии  гузаронидани  ин  маърака баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбати дуруст ғизо додани кўдакон мебошад.

Ҳанӯз соли 1995 собиқ роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ Ҷеймс П. Грант синамакониро «револютсия барои кӯдакон» номида, иброз намуда буд, ки таркиби сеҳрноки шири модар метавонад ҳаёти миллион нафар кӯдаконро наҷот диҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,114
  • 1,242
  • 950,134