Дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон системаи электронии идоракунии таълим – LMS роҳандозӣ гардидааст

Дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон системаи электронии идоракунии таълим – LMS роҳандозӣ гардидааст
Июл 30
16:58 2019

Хатмкунандагони Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳоло дар зиёда аз 42 давлати ҷаҳон фаъолият  мекунанд. Имрӯз донишгоҳ мавқеи байналмилалӣ касб намуда, тавонистааст бо дастпарварони худ  баҳри  солимии ҷомеаи ҷаҳонӣ  саҳми арзанда гузорад.  Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба зикри номбурда, Донишгоҳи тиббӣ дар тӯли 80 соли фаъолият  беш аз 43 ҳазор нафар мутахассисони соҳаи тиб  омода намудааст.  Ҳоло дар донишгоҳ беш аз 1400 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 16 давлати дунё таҳсил мекунанд.

«Яке аз меъёрҳои асосии арзёбии фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ- ин фаъолияти байналмилалӣ ва эътироф аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ мебошад. Ҳоло донишгоҳ бо 125 муассисаҳои илмию таълимӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкории дуҷониба амалӣ намуда истодааст. Тибқи амалишавии шартномаҳои мазкур, дар донишгоҳ мунтазам барномаҳои мубодилаи академии таълимӣ, Мактаби байналмилалии тобистонаи илмӣ-амалӣ, корҳои муштараки табобатӣ ва тадқиқоти илмӣ-амалии мууштарак гузаронида мешаванд»,-афзуд Ректори донишгоҳи тиббӣ.

Ба зикри номбурда, дар шаш моҳ дар ДДТТ 9 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди амал  қарор дода шуданд, ки онҳо аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд   ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешаванд.

Ҳоло сифати таълим дар донишгоҳ  хуб буда,  ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ  ва натиҷагирии  он  тибқи  талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ LMS (системаи  электронии идоракунии таълим) ва  шабакаи интернетии дохилидонишгоҳӣ фаъолият  мекунанд. Ҳар як донишҷӯ кабинети инфиродии худро дошта, мустақилона метавонад ба он ворид гардад  ва  ҳамаи маводи таълимӣ, маълумоти зарурӣ ва натиҷаи рейтингҳои худро  аз тамоми  манотиқи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тариқи  on-line дастрас намояд.

«Инчунин дар биноҳои таълимии Донишгоҳи тиббӣ   портҳои электронии маълумотӣ гузошта шудаанд, ки донишҷӯён  бо қайди  изи панҷаашон ба кабинети инфиродии худ ворид мешаванд. Волидайни донишҷӯён низ метавонанд ба кабинети инфиродии  фарзандонашон ворид шуда, доир ба таҳсил ва иштироки онҳо дар дарсҳо  маълумоти муфассал  дастрас намоянд»,- гуфт Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 955
  • 1,242
  • 949,975