“Мақсад” 18 нафарро бемор кард: беморон пас аз беҳтар шудани вазъи саломатӣ аз беморхона ҷавоб дода шуданд

“Мақсад” 18 нафарро бемор кард: беморон пас аз беҳтар шудани вазъи саломатӣ аз беморхона ҷавоб дода шуданд
Август 01
07:16 2019

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Сино иттилоъ медиҳад, ки дар пайи истеъмоли “хотдог” аз нуқтаи тез-тайёри “Мақсад”, ки  дар ноҳияи Сино, кӯчаи Яккачинор 144/1, ҳуҷраи 45  воқеъ мебошад,  18 ҳодисаи илтиҳоби шадиди меъдаю руда ба воситаи ғизо дар шаҳрвандони кишвар ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 4 нафарашон аз як оила мебошанд.

Аз ҷумла санаи 29 июли соли равон чор нафар аз як оила тахминан  соати 10:50 бо шикоятҳои беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ ба шӯъбаи қабули Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, дар шӯъбаи №1 бистарӣ карда шуданд.

Зимни санҷиши кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Сино маълум гашт, ки беморон  санаи 28 июли соли ҷорӣ тахминан соати 21:10 аз нуқтаи тез-тайёри “Мақсад” бо хуриши  помидор, бодиринг, сабзӣ, ҳасиб, майонез ва кепчук “хотдог” харидорӣ ва истеъмол намудаанд.

Дар пайи ҳодисаи мазкур санаи 29 июли соли равон аз тарафи мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Сино дар нуқтаи тез-тайёри “Мақсад” санҷиши ҳолати санитарию эпидемиологӣ гузаронида шуда, намунаи  ҳасибчаҳо, хуришҳо, гушти пухта, майонез гирифта шуда, ба озмоишгоҳи бактериологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемилогии  шаҳри Душанбе фиристода шуданд.

Инчунин, фаъолияти нуқтаи тез-тайёри  “Мақсад”, ки  дар кӯчаи Яккачинор 144/1 ҳуҷраи 45 ҷойгир аст, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта муваққатан қатъ карда шуд.

Маркази назорати давлатии санитарию  эпидемиологии ноҳияи Сино иттилоъ медиҳад, ки 31 июли соли равон пас аз беҳтар шудани вазъи саломатӣ ҳамаи беморон аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ ҷавоб дода шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 915
  • 1,242
  • 949,935