Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат: ба истифода додани Нишони давлатӣ ва иштирок дар намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат: ба истифода додани Нишони давлатӣ ва иштирок дар  намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ
Август 02
07:33 2019

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як зумра иншооти дорои таъйиноти гуногун ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти шаҳри Ваҳдат ва сокинон самимона истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Вахдат 2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур дар майдони 0,20 гектар бунёд ёфта, сохтмони он дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Нишони давлатӣ 24 метр буда, дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш 28 метрро ташкил медиҳад.

Нишон аз рӯи лоиҳаи сохтмонии ҶСК «Меҳрофар» бунёд гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Эҳё-иншоот» ба анҷом расонидаанд.

Майдони Нишони давлатиро гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ зебою назаррабо гардонида, инҷо ба мавзеи дилрабои шаҳри Ваҳдат табдил ëфтааст.

Майдони Нишони давлатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ саҳн ва атрофи иншооти мазкур басо зебою диданӣ мешавад.

Аз ду ҷониби майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои алоҳида барои шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ бунёд ёфтаанд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он масъулин вазифадор гардиданд.

Дар майдони Нишони давлатӣ ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуда, ҳудуди он майсазор гардидааст.

Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва атрофи он бахусус шомгоҳон зебову нотакрор буда, бо низоми муосири равшанидиҳӣ таъмин карда шудааст.

Дар шафати Нишони давлатӣ барои сокинон майдони сайру саёҳат низ сохта шуда, ин мавзеъ мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.

Дар саҳни майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ намунаҳои ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаву тоқидӯзӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, маҳсулоти чӯби табақ, қошуқ, чахчӯ, даҳҳо номгӯи нонҳои миллӣ, самбӯса, фатир, кулча, фатирхамир, гирда, қалама, чаппотӣ, орзуқ, чагалдак ва таомҳои миллӣ, умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шӯла, ширбиринҷ ба маъраз гузошта шуданд.

Намоишгоҳро дастовардҳои ҳунармандон ҷаззобу диққатҷалбкунанда гардонида, маҳсулоти пешниҳоднамуда бо маҳорати нотакрор ва ҳунари воло таҳия шуда буд.

Ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат ба шуғли сердаромади сокинон табдил ёфта, тайи солҳои охир ба таври густурда рушд кардаанд.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ ба маҳсули эҷоду офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати баланди кадбонугии занону духтарон дар тайёр кардани таомҳои миллию нонпазӣ баҳои баланд доданд.

Мавриди таъкид аст, ки дар шаҳри Ваҳдат барои дастгирии ҳунармандон шароиту имконоти васеъ фароҳам оварда шуда, дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо марказҳои касбомӯзӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Дар як гӯшаи намоишгоҳ асбобҳои зарбӣ ва созҳои миллӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуда, аз ҷониби ҳунармандон суруду таронаҳои дилнишин иҷро гардиданд.

Дар баробари ин маҳсули дасти ҳунаромӯзони Мактаби рассомии бачагонаи шаҳр ба намоиш гузошта шуд, ки басо диққатҷалбкунанда буд.

Офаридаҳои дастпарварони ин мактаби рассомӣ таҷассуми табиати зебои диёр ва тарғибгари мавзеъҳои таърихию фарҳангии ҷумҳуриамон мебошанд, ки аз ҳунари волои наврасони эҷодкор башорат медоданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 958
  • 1,242
  • 949,978