Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба маъракаи Даҳаи кӯмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар имрӯз, 7 августи соли равон дар шаҳри Ваҳдат чорабинии иттилоотӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Санавбар Раҳматуллоева, сармутахассиси Шӯъбаи ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни вазорат иштирок намуда, оид ба манфиатҳои шири модар ба кӯдак ва дигар паҳлуҳои нозуки масъалаи мазкур ба иштирокчиён, ки аксар занон буданд, маълумот дод.
Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки фоида ва қулай будани ғизодиҳӣ бо шири модар ба кӯдакон аз тамоми ҷиҳат нисбат ба шир ё ғизоҳои сунъӣ афзалият дорад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, шири модар барои истеъмол доимо тайёр аст, пешакӣ тайёр кардани он лозим нест: шири модар туруш ва вайрон намешавад, гарчанде ки модар чандин рӯз шири худро намаконад ҳам: шири модар арзиш надорад, (бепул дастрас мешавад), ӯро харидорӣ намудан лозим нест: шири модар танҳо барои кӯдак муқаррар шудааст: шири модар кӯдакро аз бисёр бемориҳо эмин медорад, на фақат дар давраи кӯдакӣ, балки дар тамоми умр: ғизодиҳӣ бо шири модар ба саломатии модар низ таъсири мусбӣ дорад, ба монанди пешгирии бемориҳои саратон.
Дар идомаи чорабинии иттилоотӣ иштирокчиён вобаста ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯъ ба Санавбар Раҳматуллоева, сармутахассиси Шӯъбаи ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суолҳо дода, ба пурсишҳои худ посух гирифтанд.