8 август — Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо: 80-90 фоизи маълумоти атрофро инсон бо чашми сар қабул мекунад

8 август — Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо: 80-90 фоизи маълумоти атрофро инсон бо чашми сар қабул мекунад
Август 08
10:08 2019

Аз соли 2004 инҷониб ҳамасола дар ҷаҳон 8 август Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо (духтурони чашм) ҷашн гирифта мешавад. Маҳз барои он таҷлили ин рӯзро 8 август интихоб намудаанд, ки дар ин рӯз ҷарроҳи  бемориҳои  чашм, профессор, академики Академияи илмҳои тибби Россия  Святослав Федоров ба дунё омадааст.

Офталмолог духтуре мебошад, ки яке аз узвхои асосии инсонро табобат мекунад.  Бояд гуфт, ки аз 80 то 90 фоизи маълумоти атрофро инсон бо чашми сар қабул мекунад. Чашм  яке аз узвҳои асосии   инсон ба ҳисоб рафта, ҳар нафарро зарур аст, ки дар ҳама гуна ҳолат чашмони хешро аз таъсири ҳар гуна зарбаҳо эҳтиёт кунад.  Ба ақидаи табибон, андаке бепарвоӣ ва беэҳтиётӣ  сабаб мегардад, то кас қобилияти биноияшро аз даст диҳад ва зиндагии хешро тираву норавшан созад.

Аз ин рӯ ҳар як бемории чашме, ки таҳти таъсири ин ё он омил ба вуҷуд меояд, нороҳатиҳои зиёд ба бор меорад.  Ана дар ҳамин лаҳза офталмологхо  (духтурони чашм) ба ёрӣ мерасанд.

Тавре табиби соҳаи чашми Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм Амрулло Ғиёсов мегӯяд, сабабҳои аслии ба беморӣ гирифтор шудани чашми инсон модарзодӣ, никоҳи хешутаборӣ,  риоя накардани  гигиенаи босира,   инфексияҳо, осебҳо  ва истифодаи аз меъёр зиёди воситаҳои техникӣ (компютер, телевизор, телефонхои мобилӣ) мебошанд:

-Дар шароити имрӯза бештар ҷавонону наврасон ба ҳар гуна бемориҳои чашм гирифтор мешаванд, ки сабаби аслии он нодуруст истифода бурдани технологияи нав, аз ҷумла телевизор, телефон ва компютер мебошад.  Имрӯз мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзои  номусоиди экологӣ  умр ба сар мебарем, ки ин ҳама ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳоло гирифторони бемории чашм ниҳоят зиёд буда, аксарияти  беморонро кӯдакон ташкил медиҳанд,- зикр менамояд Амрулло Ғиёсов.

Ҳамчунин номбурда  мегӯяд, ки имрӯз бештари табобат ва барқарор намудани бемориҳои чашм аз худи инсон вобаста аст.  Бояд ҳар нафар дар ҳолати гирифтор шудан ба ин беморӣ сари вақт ба духтур муроҷиат намояд. Аз ҷумла, бемориҳои пардаи чашм, хуншории дохили чашм, наздикбинӣ, дурбинӣ, дурбинии синну солӣ, бемориҳои илтиҳобии чашм ва баъзе оризаҳое, ки аз бемориҳои диабети қанд вобастагӣ доранд, аз ҷумлаи бемориҳое мебошанд, ки дар ҳолати сари вақт ба духтур муроҷиат намудан метавонанд барои барқарор намудани нури чашм мусоидат намоянд. Ба ин хотир ҳар як инсон   бояд  дар як сол на камтар  аз ду — се маротиба аз назорати  офталмолог (духтури чашм) гузарад.

Бино ба гуфтаи ин духтури Маркази клиникии бемориҳои чашм, никоҳи хешу таборӣ низ метавонад яке аз омилҳои бо нуқсони бемории чашм таваллуд шудани кӯдак гардад. Яке  аз сабабҳои нуқсони модарзодии чашм,  ба монанди бемориҳои оби марворид бештар дар ҳолати никоҳи хешутаборӣ ба амал меояд.  Аз ин рӯ,  баҳри бе ориза таваллуд шудани тифл дар байни занҳои ҳомила низ  муоинаи  тиббии профилактикӣ  гузаронида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати бемориҳои чашм тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин бо ворид шудани беҳтарин таҷҳизоти муосир,  амсоли визометрия, авторефкератометрия, ретиноскопия, биомикроскопия, танометрия ва линзметрия кори табибон осон гардида, беморон метавонанд акнун на танҳо дар хориҷ аз мамлакат, балки дар худи Тоҷикистон низ чашмони худро ташхису табобат ва ҷарроҳӣ кунанд.

Чашм яке аз узвҳои асосии инсон буда, дар ин замина риояи тавсияҳои табибон ҳатмист. Ба нафароне, ки пайваста бо компютер кор мекунанд, маслиҳат дода мешавад, ки дар як сол як маротиба аз назорати духтури чашм гузаранд. Ин гуна шахсон бояд реҷаи кориро риоя кунанд, то биноии чашмашон паст нашавад. Бояд зикр намуд, ки ҳангоми кор бо компютер ҳар як нафар бояд аз айнакҳои махсус истифода барад, то нурҳои электромагнитие, ки аз  компютер пош мехӯранд, ба чашми онҳо зарари худро нарасонанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар организм нарасидани витаминҳои А ва Е низ сабаби камшавии нури чашм шуда метавонад. Аз ин рӯ, ба нафарони биноии чашмашон паст   истеъмоли меваҳое, ки ранги зард доранд, инчунин гӯшт ва равғани моҳию ҷигар, ки аз ин витаминҳо бой мебошанд, тавсия дода мешавад.


Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 967
  • 1,242
  • 949,987