Хатлон: чорабинии тантанавӣ бахшида ба Иди касбии табибон

Хатлон: чорабинии тантанавӣ бахшида ба Иди касбии табибон
Август 16
07:44 2019

Дар Сарраёсати Хадамоти назорати давалатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон  чорабинии тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро сардори Сарраёсати мазкур Маҳмадҷон Абдулқодирзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ соҳаи тандурустии кишвар ба маротиб рушд намуда, ба дастовардҳои  назаррас ноил гардидааст.

-Агар даврони Шӯравӣ дар як ноҳия як ё ду дорухона фаъолият мекард, имрӯз дар вилояти Хатлон 697 дорухона ва 72 ширкати фармасевтӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Дар баробари ин, айни замон дар қаламрави вилоят ҳафт корхонаи истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва коркарди гиёҳои шифобахш фаъолият доранд.

Ҳамчунин, дар вилоят 140 муассисаҳои хуссусии тиббӣ, аз ҷумла 40 адади он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва 100-тои дигар ҳамчун шахси воқеӣ  ба қайд гирифта шуда, ба мардум хизмати тиббӣ мерасонан. Дар ин муассисаҳо 475 нафар табибон, кормандони миёнаи тиб ва ёрирасон заҳмат кору фаъолият менамоянд.

Гуфтан ба маврид аст, ки баҳри таъмини аҳолӣ бо маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ, танҳо дар ҳафт моҳи сипаригардида ба маблағи 7,3 миллион сомонӣ маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббию биологӣ  ба вилоят ворид  гардидааст.

Дар баробари воридот, ҳамчунин, ширкатҳои истеҳсолии вилоят ба хориҷи кишвар ба маблағи беш 47 миллион сомонӣ маводҳои фаъолӣ биологӣ содирот кардаанд,-афзуд сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давалатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадҷон Абдулқодирзода.

Дар чорабинии идона  таъкид карда шуд, ки бо шарофати дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби шарикони рушд соҳаи тандурустӣ   дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Хатлон хеле рушд намуда, рӯз то рӯз марказ ва  муассисаҳои нави тиббӣ дар худро барои сокинон  боз карда истодаанд.

Дар хотимаи баромади хеш сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давалатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадҷон Абдулқодирзода иштирокдорон ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии вилоятро бо рӯзи Иди касбияшон табрику таҳният гуфта, илова кард, ки мо бояд тамому кушишу ғайрати худро баҳри солимии ҷомеъа ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ равона кунем.

Дар анҷоми ҷаласаи тантанавӣ як қатор кормандони фаъоли Сарраёсат ва соҳибкорони соҳаи фарматсевтӣ баҳри хизматҳои арзандаашон бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин,  аз ҷониби роҳбарияти Сарраёсат ба яке аз собиқадорони соҳаи фармасевтии вилоят Илҳомиддин Муродов, ки солҳои зиёд дар ин самт заҳмат кашидаву баҳри пешрафти соҳа ва тарбияи кадрҳои ҷавон хизматҳои арзишманд кардааст, ҷомаю тоқӣ пушонда, дар як вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 972
  • 1,242
  • 949,992