Август 20
07:39
2019
Бахшида ба Рўзи кормандони соҳаи тандурустӣ кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 80 нафар кормандони муассисаҳои тиббии маркази вилоятро бо Ифтихорномаву Сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
Инчунин, ба ин муносибат аз ҷониби Раиси кумиҷоияи ҳизбии шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба 3 нафар роҳбарони ташкилотҳои ҳизбии муассисаҳои тандурустӣ-Беморхонаи клиникавии шаҳри Хуҷанд Фирдавс Турахонов, Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Бахтиёр Набиев, Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд Фарҳод Муллоев медалҳои ҷашнии “20 солагии ҲХДТ” супорида шуд.