Шоу-консерти хайриявии Сафири боздошти сил Шабнами Сурайё (АКС)

Шоу-консерти хайриявии Сафири боздошти сил Шабнами Сурайё  (АКС)
Август 26
15:43 2019

Шоми 24-уми августи соли равон бо ибтикори Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар амфитеатри Аҳорун шоу-консерти хайриявии Сафири боздошти сил, овозхони маҳбуб Шабнами Сурайё бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Дар шоу-консерт намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Гурӯҳи парлумонии масъули ҳалли масоили сил, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи он, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ шахсиятҳои маъруф, аъзои дастаи “Қаҳрамонони мо: Нест бод сил”-и Ассотсиатсияи “Ҳамкории ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон”, аз ҷумла қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева, ҳаҷвнигорон, ҳунарманду ровии маъруф устод Нурулло Абдуллоев, рӯзноманигори шинохта Саидабону Раҳимзода ва дигарон ҳузур доштанд, ки ҳар яке бо ҳунари худ дар хотимаи бемории саҳм гузошта истодаанд. Бону Шабнами Сурайё ҳам яке аз аъзои фаъоли ҳамин даста аст.

Қабл аз оғози шоу-консерт ба хотири гиромидошти рӯҳи шахсони аз бемории сил фавтида лаҳзаи хомӯшӣ эълон гардид, ки ҳангоми он тамоми иштирокчиён аз ҷой бархоста, бо лаҳзае сукут аз қурбониёни сил ёд намуданд.

Шоу-консерти хайриявӣ бо сухани ифтитоҳии Аслидин Раҷабзода, директори МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва Мавлуда Бобошозода, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки иқдоми хайрхоҳонаи Шабнами Сурайё саривақтиву қобили дастгирӣ ва намунаи ибрат мебошад.

Дар давоми шоу-консерти хайриявии “Нест бод сил” худи Сафири боздошти сил, овозхони дӯстдоштанӣ Шабнами Сурайё ҳам аз ҳаводоронаш даъват намуд, ки аз шахсони бемори сил дурӣ наҷӯянд ва то метавонанд ба онҳо кумаки равониву иҷтимоӣ расонанд.

Гурӯҳи рақсии овозадори “Тавоис” аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ бо рақсҳои ҷолибу ҷаззоб ба шоу-консерт ҳусну таровати дигар бахшид.

Ҳамзамон, овозхони мардумии Тоҷикистон, бонуи садо Сурайё Қосимова, овозхонони попи тоҷик Фарзонаи Хуршед, Шабнами Собирӣ ва Фаридуни Хуршед низ бо ҳунари худ табъи ҳозиринро болида гардонида, ташаббуси некбинонаи Шабнами Сурайёро ситоиш намуданд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 742
  • 1,242
  • 949,762