Дар Муъминобод осоишгоҳи бемориҳои қалб бунёд мешавад

Дар Муъминобод осоишгоҳи бемориҳои қалб бунёд мешавад
Август 27
14:42 2019

Аз рӯи нақша он дар кӯчаи И. Сомонии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод дар масоҳати 3,14 га бунёд шуда истодааст. Лоиҳаи онро ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷус­туҷӯии «САНИИОСП» омода намудааст. Маблағи умумии харҷномавии иншоот 25 млн. сомониро ташкил дода, алҳол 90 сохтмончӣ дар ду баст корро пеш бурда истодаанд.

Бинои осоишгоҳ аз ҳуҷраҳои истироҳату толори варзишӣ, ошхона, утоқи маҳсгарию эҳёгарӣ ва 108 кат барои истироҳати беморон иборат хоҳад буд. Айни ҳол ба маблағи 22 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шуда, сохтмон дар арафаи анҷомёбист.

Тавре муовини раиси ноҳия Хайрулло Абдуллоев зикр кард, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз таъмиру бунёди 250 иншоот дар назар аст.

– То сафари навбатии Сарвари давлат ба ноҳия биноҳои прокуратура, меҳмонхона, бӯстонсарои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот ба истифода дода хоҳанд шуд,-мегӯяд ӯ.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 919
  • 1,242
  • 949,939