Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 29 иншоот, аз ҷумла, панҷ бунгоҳи тиббӣ, як маркази офиятбахшӣ ва касбомӯзӣ барои маъюбон сохта ба истифода дода шуд.
Айни замон дар ноҳияи мазкур корхонаҳои ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машғул-ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Тиб барои Шумо» ва «Олим фарм» дар самти доруворӣ фаъолият менамоянд.
Баҳри сазовор ҷашн гирифтани санаи фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди 414 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, дастрасии бештари аҳолӣ ба муолиҷа ва табобати ба талабот ҷавобгӯ айни замон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат сохтмони муассисаҳои тиббӣ бо суръати баланд идома дорад.