Сеюмин ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор гардид

Сеюмин ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор гардид
Август 28
15:59 2019

Имрӯз, 28 августи соли равон дар Муассисаи давлатии Душанбе Плаза сеюмин ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи кумитаи тадорукот муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини вазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, шарикони рушд, роҳбарони як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ ва дигар намояндагони вазорат иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тадорукотро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки Форуми байналмилалӣ оид  ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон дар партави таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, махсусан маъюбон  баргузор  хоҳад гашт.

Дар ҷаласа махсус қайд гардид, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолият маъюбон  зери ғамхориҳои бевоситаи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор гирифта, барои кор ва фаъолияти онҳо, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми ин қишри ҷомеа дар Тоҷикистон тамоми шароит ва имконоти мавҷуда муҳайё карда шудааст.

Бояд зикр намуд, ки барои ҳимояи ҳуқуқ ва манифатҳои маъюбон, инчунин дигар паҳлуҳои муҳими фаъолияти ин қишри ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”  қабул  ва амалӣ гардида истодааст.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ зимни баромади худ  баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон шарикони рушдро бо ҳамкорӣ даъват намуда, иброз дошт, ки садои маъюбон дар форум маҳз аз ҷониби мо иштирокчиён садо хоҳад дод. Ӯ махсус иброз намуд, ки  мусоидат ба ҳаллу фасли мушкилоти маъюбон вазифаи инсонии ҳар яки мову шумост. Пас,  бо истифода аз фурсат бояд тамоми қувва ва нерӯи худро ба он сарф намоем, ки форуми мазкур на танҳо дар сати баланд баргузор шавад, балки баҳри рафъи мушкилоти мавҷудаи соҳа такони ҷиддӣ бахшад.

Дар идомаи  ҷаласаи кумитаи тадорукот намояндагони ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ  фирку назар ва пешниҳодоти  худро доир ба баргузории Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон иброз намуданд.

Ёдрас мешавем, ки 18 октябри соли равон дар  бинои Кохи Наврӯз-и шаҳри Душанбе Форуми сатҳи баланд оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мегардад.

Маълумоти бештарро оид ба форуми мазкур дар суроғаи зерин мутолиа намоед:  https://moh.tj/disability_forum/

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 960
  • 1,242
  • 949,980