Бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи Марказии шаҳри Ваҳдат чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбари Муассисаи давлатии “Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон” Алиҷон Ғоибзода, академик Ғиёсиддин Меъроҷов, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳри мазкур ва доираи васеи кормандони соҳаи шаҳр иштирок намуданд.
Президенти Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Ғоибзода, академик Ғиёсиддин Меъроҷов дар назди кормандони соҳаи тибби шаҳри мазкур баромад намуда, доир ба ин санаи муҳими таърихӣ ибрози назар намуданд.
Дар чорабинӣ махсус зикр гардид, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолият тандурустӣ низ дар баробари дигар соҳаҳо низ рушд намуда, ба дастовардҳои назарррас ноил гардид.
Аз ҷониби меҳмонон махсус қайд гардид, ки маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тибби кишвар низ дар замони Истиқлолият хеле рушд намуда, бидуни шак он имрӯз ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ мебошад. Зеро, тайи чанд соли охир аз ҷониби олимони тибби тоҷик дар самтҳои ҷарроҳӣ ва табобат усулҳои нав дар амал ҷорӣ карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва ин санаи муҳими тақдирсоз ҳамасола дар сар то сари мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.