Ифтитоҳи марказҳои нави саломатӣ дар деҳаҳои Ғайрат ва Ғалабаи ноҳияи Фархор (АКС)

Ифтитоҳи марказҳои нави саломатӣ дар деҳаҳои Ғайрат ва Ғалабаи ноҳияи Фархор  (АКС)
Сентябр 05
13:59 2019

Дар доираи  истиқболи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон боз ду Маркази саломатии деҳот дари худро ба рӯи ниёзмандон боз кард.

Марказҳои саломатии Ғалаба ва Ғайрат дар доираи Лоиҳаи “Беҳтаркунии сифати хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии моливии Бонки Умумиҷаҳонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. Ин ду бинои нави замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ, таҳлилгоҳӣ ва мебели махсус барои муассисаҳои тандурустӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Марказҳои саломатӣ тибқи  нақшаи ягона бунёд гардида, дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳ мебошанд.

Ба ин ду Маркази саломатӣ 85 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 305306,08 сомонӣ  ва, 24 намуди мебели тиббӣ, ҷевон, мизу курсӣ ва лавозимоти дигар ба маблағи  213090,76 сомонӣ харидорӣ ва пешниҳод шудааст, ки  барои кори хуби табибон мусоидат хоҳад кард.

Табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки тӯли солҳо дар биноҳои фарсуда ва шароити номусоид ба мардум хизмат мерасониданд, аз дастрасӣ ба биноҳои замонавӣ ва таҷҳизоту мебели тиббӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд бо кӯшишу ғайрати бештар хизматрасонии тиббиро ба роҳ хоҳанд монд.

Роҳбарияти ноҳия ва масъулони шабакаи кӯмаки аввалияти тиббию санитарии ноҳия муаззаф гардиданд, ки ин биноҳои  наву замонавӣ ва мебелу таҷҳизоти тиббиву таҳлилгоҳиро хубу боэҳтиёт истифода намуда, коршоямии онро дар солҳои минбаъда низ таъмин намуда, ба ин васила сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ таъмин хоҳанд кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 966
  • 1,242
  • 949,986