Маркази нави саломатӣ-туҳфаи идона ба сокинони деҳаи Чормағзаки ноҳияи Ёвон (АКС)

Маркази нави саломатӣ-туҳфаи идона ба сокинони деҳаи Чормағзаки ноҳияи Ёвон  (АКС)
Сентябр 06
11:20 2019

Дар доираи чорабиниҳои идона ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Маркази саломатии деҳоти Чормағзак дари худро ба рӯи ниёзмандон боз кард.

Имрӯз, 6 сентябри соли равон дар маросими ба истифода додани Маркази саломатии навбунёд, ки тамоми аҳолии ҷамоати деҳотро ба ҳам овард, инчунин маросими хатнаи чанде аз тифлакони деҳа дар муҳити идона баргузор карда шуд. Табибони маҳаллӣ бо истифода аз шароити басо мусоид дар рӯзи ифтитоҳи  бинои деринтизорашон қарор доданд, ки  якҷоя бо аҳолӣ ва роҳбарияти ноҳия ин маросимро барпо созанд.

Маркази саломатии мазкур яке аз 37 маркази саломатии деҳотест, ки дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисон ва дастгирии молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Маркази саломатии Чормағзак низ дар асоси нақшаи ягона бунёд гардида, дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар Маркази мазкур бо маблағи 1226192,12 сомонӣ анҷом дода шуда, 85 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 152653,04 сомонӣ  ва 24 намуди мебели тиббӣ аз ҷумла ҷевон, мизу курсӣ ва лавозимоти дигар ба маблағи  106545,38 сомонӣ харидорӣ ва пешниҳод шудааст, ки  барои кори хуби табибон мусоидат хоҳад кард.

Зимни ифтитоҳи Маркази саломатӣ роҳбарияти ноҳия ба сохтмончиёну дастандакорони ин муассисаи тиббӣ изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки дастрасӣ ба чунин муассисаҳо ва истифодаи самаранок аз таҷҳизоти тиббӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ дар деҳот  мусоидати саривақтӣ хоҳад кард.

Ба ин Маркази саломатӣ ҳамчунин як адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо арзиши 282 000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Нақлиёти  ёрии таъҷилӣ, ки воридкунандаи он Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ормон” аст, тамғаи “Фотон”, истеҳсоли корхонаи мошинсозии Ҷумҳурии халқии Хитой буда, ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Он ба шароити  навоҳии Ҷумҳурии  Тоҷикистон мувофиқ гардонида шуда, барои таҳвили маризон ба беморхона ва расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мусоидат мекунад. Ин  нақлиёт барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо таҷҳозоти зарурӣ таъмин карда шуда, дар дохили он то ба интиқоли беморон ба беморхона ба маризон кӯмаки босифат расонидан мумкин аст.  Нақлиёти мазкур  дорои 3 ҷои нишаст барои мутахассисони тиб, рахти хоб, замбари таҳвилдиҳанда, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, системаи зиддибактериявӣ ва дастгоҳи назорати иқлими дохилӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 940
  • 1,242
  • 949,960